ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

РУСИЯ ҲИЗБИ ОППОЗИТСИОНИИ ТОҶИКИСТОНРО БА РӮЙХАТТИ СИЁҲ ШОМИЛ КАРД

Хадамоти федералии мониторинги молиявии Русия (Росфинмониторинг) Ҳизби наҳзати исломии  Тоҷикистонро расман ба рӯйхатти террористону ифротиён шомил кардааст. Дар ин бора рӯзи 28 феврали соли 2023  хабаргузории русии РИА Новости аз рӯйхатти навшудаи Росифинмониторинг хабардор шудааст. Дар баробари ҲНИТ ба ин рӯйхатти сиёҳи Росфинмониторинг ҳамчун ин баталёни ихтиёриёни тоторҳои Қрим ба номи Нӯъмон Чалабиҷихон низ шомил карда шудааст.

Рӯйхатти сиёҳи Росфинмониторинг то имрӯз 12 880 шахси алоҳида ва ҳамчунин 540 созмону гуруҳро фаро мегирад. Дар ин рӯйхатти сиёҳ беш аз 500 тан аз зодагони Тоҷикистон ва ҳамчунин чанд гуруҳи низ марбут ба Тоҷикистон, аз ҷумла ҳизби наҳзат ва созмонҳои “Ҷамоати Хатлон” ва “Роҳнамо ба сӯи Давлати исломӣ” низ ҳастанд.

Қарори маълум, Додгоҳи олии Русия рӯзи 14 сентябри соли 2022 бар асоси дархости Додситонии кулли ин кишвар Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ), бузургтарин ташаккули оппозитсияи тоҷикро “созмони террористӣ” эълон кард ва фаъолияти ин ҳизбро дар қаламрави Русия расман манъ кард. Дар хадамоти матбуоти Додгоҳи олии Русия гуфтанд, ки мурофиаи ин масъала ба шакли баста сурат гирифт ва додгоҳ “дархости Додситонии кулро қонеъ сохт”.

Ба ин тартиб, Русия нахустин кишвари хориҷие шуд, ки бо тақозои Душанбе ҳизби наҳзатро расман “созмони террористӣ” эътироф кард.

Қаблан Додситонии кулли Русия аз Додгоҳи олӣ хоста буд, ки ин ташаккули умдаи оппозитсияи тоҷикро “созмони террористӣ” эътироф кунад. Дар худи Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзат ҳанӯз соли 2015 манъ гардида, ҲНИТ ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил карда шудааст. Вале  то кунун талошҳои Душанбе барои “террористӣ” эътироф шудани ин ҳизб аз сӯи давлатҳои дигар ва созмонҳои минтақавӣ бенатиҷа буданд.

Дар арафаи баррасии масъалаи ҳизбаш дар Додгоҳи олии Русия, раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо як номаи саркушода ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат кард. Кабирӣ дар ин нома қасди “террористӣ” унвон кардани ҳизбаш дар Русияро “шикасти геополитикӣ” ва “иштибоҳи бузург” унвон карда, навишта буд, ки ин иқдоми Маскав боиси аз даст додани дастовардҳои геополитикии беш аз як асри охираш дар Тоҷикистон ва минтақа хоҳад шуд.

Тавре “Бомдод” қаблан хабар дода буд, додситони кулли Русия Игор Краснов, ки рӯзҳои 25-26 июли соли ҷорӣ бо як сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, дар мулоқотҳояш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон хабар дод, ки додситонии кулли Русия хостори дар ин кишвар низ “созмони террористӣ” эътироф кардани ҲНИТ шудааст.

Дар роҳбарияти ҲНИТ бар инанд, ки “созмони террористӣ” эътироф шудани ин ҳизб дар қаламрави Русия таъсири ҷиддие ба фаъолиятҳояш нахоҳад дошт, чунки ҲНИТ баъди манъи фаъолияташ дар Тоҷикистону боздошти шуморе аз тарафдоронаш дар кишварҳои дигар ҳама гуна фаъолияти худро дар қаламрави Шӯравии собиқ ба хотири таҳти хатар нагузоштани аъзо ва ҳаводоронаш қатъ карда буд. ҲНИТ ҳоло асосан дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо фаъолият дорад.

То баста шуданаш, ҲНИТ бо ҳудуди 44 ҳазор узв дуюмин ҳизби бузурги Тоҷикистон баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба шумор мерафт.

Фаъолияти ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон  моҳи сентябри соли 2015, билофосила баъди саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, қатъ карда шуда, Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳизби мухолифро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил кард.  Баҳонаи расмии бастани ҲНИТ аз ҷониби мақомот айбдор шуданаш ба раҳбарии шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим буд. ҲНИТ ин иттиҳомро ҳамеша рад кардааст ва мегӯяд, ин ошӯб танҳо баҳонае барои бастани умдатарин ташаккули мухолифи ҳукумат шуд.

Аз он замон Душанбе талош дошт, то ба манъи расмии фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави кишварҳои муттаҳидаш низ ноил шавад, вале ин талошҳояш то кунун натиҷа надода буд.

Русия амалан нахустин кишваре шуд, ки ба сурати қонунӣ аз мавзеи Тоҷикистон дар масъалаи ҲНИТ пуштибонӣ кард. Бисёриҳо бар инанд, ки ин иқдоми Маскав ба ҷанги Украина рабт дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    “Қиблаи сиёсӣ”-и ҳизби наҳзати ба ном “исломӣ”-и Тоҷикистон эрон буд, ҳаст ва мемонад. Барои Тоҷикистони ҳанафӣ низоми мазҳабии эрон хатари стратегӣ дорад. Календари Тоҷикистон пур аз ошӯрову муҳарраму азодориҳои беҳудаву занҷирзанию шамшерзаниву ҳуссайнкушону ҳасанкушону карбалову қараболову ғайра хоҳад шуд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button