Хабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБӢ ДАР ПОЙТАХТ ВА ЗАФАРОБОД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 28.02.2023

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 54-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи июли соли 2015, ҳангоми дар кӯчаи С.Шерозии пойтахт қарор доштанаш марди 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 7 шабонарӯз бармегардонад, аммо номбурда маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 60-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, солҳои 2012-2016 якчанд маротиба бо роҳи фиреб ба боварии марди 61-солаи сокини ноҳияи Зафаробод даромада, бо баҳонаи дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод корхонаи коркарди пахта бунёд намудан, аз ӯ 15 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва 18 ҳазору 592 сомонӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button