ВидеоИқтисодРӯйдодҳои Бадахшон

НАХУСТИН ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМО БА ХОРУҒ БАЪДИ СОЛҲОИ ТӮЛОНӢ (3 АКС)

Мақомоти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 28 феврали соли 2023 дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук бо нашри 3 акс хабар дод, ки баъди чандин солҳо парвози нахустини ҳавопаймо ба маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ сурат гирифт.

Нахустин парвози санҷишӣ  ба Хоруғ рӯзи 28 феврал тавассути ҳавопаймои L410NG сурат гирифтааст. Ин ҳавопаймо сохтаи ширкати чехии LET Aircraft Industries буда, рӯзи 27 феврал дар фурудгоҳи Душанбе маросими муаррифии он сурат гирифта буд. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” зоҳиран барои харидани ин ҳавопаймои хурди дорои то 19 ҷои нишаст таваҷҷуҳ нишон медиҳад ва дар байни як моҳи охир намояндагони ширкати чехӣ ду дафъа ба Тоҷикистон омада, намояндагони “Сомон Эйр” низ аз корхонаи ин ширкат дар Чехия боздид карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар маросими  қабули парвози нахустин ҳавопаймо ба Бадахшон дар фурудгоҳи Хоруғ раиси вилоят Алишер Мирзонабот, шаҳрдори Хоруғ Ризо Назарзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок кардаанд.

Раиси вилоят дар ин маросим гуфтааст, ки парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Хоруғ бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон барқарор карда мешаванд.

Дар соли 2019 низ кӯшиш шуда буд, ки парвозҳоро байни Душанбе ва Хоруғ барқарор кунанд. Он вақт чанд парвоз ҳам дар ин масир сурат гирифт, вале варшикаста (банкрот) шудани ширкати ҳавопаймоии “ Тоҷик Эйр” боиси хеле зуд ва дигарбора қатъ шудани иртиботи ҳавоӣ байни маркази Тоҷикистон ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шавад.

Ҳавопаймои L-410NG аз ҷониби Агентии Аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Тавассути он метавон то 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button