АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

КОНСУЛХОНАИ АФҒОНИСТОН ДАР ИСТАНБУЛ НИЗ БА ДАСТИ “ТОЛИБОН” ГУЗАШТ

Зокир Ҷалолӣ, раҳбари департаменти вазорати корҳои хориҷии ба ном “Аморати исломии Афғонистон”, ки ҳаракати тундрави “Толибон” дар Афғонистон таъсис додааст, рӯзи 28 феврали соли 2023 ба журналистон хабар дод, ки умури консулгарии умумии Афғонистон дар шаҳри Истанбул, бузургтарин шаҳр ва маркази тиҷоратию саноатии Туркия, расман ба дасти намояндаи “Аморати исломӣ” супурда шуд. Ҷалолӣ ҳамчунин хабар дод, ки вазорати хориҷаи “Толибон” нафаре бо номи Гулматхон Задронро консули нави Афғонистон дар Истанбул таъйин кардааст.

Як рӯз аз ин қабл, Абдулқаҳҳори Балхӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи “Толибон” эълон кард, ки мақомоти ҷумҳурии исломии Эрон низ умури сафорати Афғонистон дар шаҳри Теҳронро ба дипломатҳои таъйинкардаи “Толибон” супурданд. Ӯ аз дипломатҳои таъйиншуда ном набурд, вале хабаргузории “Омӯ” хабар дод, ки Муҳаммадафзал Ҳаққонӣ, ки то кунун ба ҳайси ёвари аввали сафири Афғонистон дар Теҳрон кор мекард, кордори сафорат таъйин шудааст.

Ҳомид Раҳгузар, яке аз дипломатҳои сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Теҳрон, ба “Ому” гуфтааст, ҳафтаи гузашта вазорати корҳои хориҷии Эрон ба Абдулқаюм Сулаймонӣ, сафири Афғонистон дар Теҳрон дар як тамоси телефонӣ гуфтааст, “рисолати шумо дар сафорат ба охир расид ва кишвар тасмим гирифт, ки Сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон супорад”.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як эъломия иқдоми ахири Теҳронро маҳкум кард ва гуфт, “мақомдорони Эрон…аз рӯи сиёсати худашон ба намояндаи гурӯҳи ғайриқонунӣ ва террористии Толибон иҷозат доданд, ки ба хонаи дипломатии мардуми Афғонистон ворид шаванд”.

“Супоридани намояндагии дипломатии Афғонистон дар Эрон ба гурӯҳе, ки қотили мардуми Афғонистон аст ва исми раҳбарони онҳо дар рӯйхати сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид боқӣ мондааст ва то ҳол ҳеҷ кишвари ҷаҳон барои барқарор кардани равобити расмии дипломатӣ бо он розӣ нашудааст, шубҳанок буда, ба халқи Афғонистон ва баъзе мамлакатҳои дигар паёми нохуш дорад”, – омадааст дар эъломияи Ҷабҳа.

Толибон моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст овард.

Ёдовар мешавем, чанд кишвари дигар, аз ҷумла Русия, Чин, Покистон ва Туркманистон ҳанӯз соли гузашта умури сафоратҳои Афғонистонро дар кишварҳои худ аз дасти намояндагони ҳукумати  қаблии Афғонистон гирифта, ба намояндагони “Толибон” супурданд. Вале то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати “Толибон”ро дар умум ба расмият нашинохтааст.

Ахиран хабар омада буд, ки бо дастури Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии “Толибон”, Муҳаммад Зоҳири Ағбар аз мақоми сафир дар Тоҷикистон барканор шуда, Муҳаммад Зариф Асир, Ҷавод Шӯъла ва Кабир Қосим, ки пеш аз ин низ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе фаъолият доштанд, ба унвони сарпараст, консул ва масъули идории сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе таъйин шудаанд. Аммо Ағбар гуфт, ҳукумати Толибон машрӯият надорад ва наметавонад, ки ӯро аз мақомаш барканор кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button