ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ДАР БАЙНИ 9 СОАТ ШАРҚИ ТОҶИКИСТОНРО ЯКБОРА 4 ЗАМИНЛАРЗА ТАКОН ДОД

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла пойгоҳи earthquaketrack.com, ки ҳар заминларзаи дар саросари сайёра рухдодаро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, хабар доданд, ки нимаи аввали рӯзи 28 феврали соли 2023, дар байни ҳамагӣ 9 соат – аз соати 00:36 то соати 09:20 – дар шарқи Тоҷикистон якбора чор заминларзаи иқтидорашон тибқи ҷадвали Рихтер аз 4,1 то 5,0 балл рух додааст. Маркази се заминларза дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии кӯли Сарез ва маркази як заминларзаи дигар дар вулусволии Ҷурми вилояти ҳамсояи Бадахшони Афғонистон ҷойгир шуда буд.

Нахустин заминларза соати 00:36 рух дода, иқтидори он дар марказаш, воқеъ дар 128-километрии шимоли Мурғоб 4,5 баллро ташкил дод. Заминларзаи дуюм  бо шиддати 4,1 балл соате баъд ба вуқӯъ пайваста, марказаш дар ҳудуди Ҷурми Афғонистон буд.

Соати 05:01 заминларзаи сеюм бо иқтидори 4,3 балл дар 94-километрии ҷанубуғарби Мурғоб рух дода, соати 09:20 шарқи Тоҷикистонро заминларзаи аз ҳама сангин бо шиддати 5 балл тибқи ҷадвали Рихтер бо марказаш дар 59-километрии ғарби Мурғоб такон дод.

Ин силсилаи заминларзаҳои сангин ба дунболи силсилаи иборат аз 8 заминларзаи боз ҳам сангинтари шиддаташон аз 4 то 7,3 балл буд, ки рӯзи 23 феврал дар атрофи Муроб ба амал омад.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 4 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд,  дар як ҳафтаи охир 17 заминларза, дар як моҳи охир 29 заминларза ва дар як соли охир 215(!!!) заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт (Қаротегин) дар шарқи Тоҷикистон 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод, аксаран кӯдакон, ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Дар пайи заминларзаҳои пурқурбонию харобиовар дар Туркияву Сурия, ки боиси ҳалокати қариб 50 ҳазор нафар ва фурӯ рехтани садҳо бино, аз ҷумла биноҳои навбунёд гардид, бисёриҳо то куҷо ба чунин заминларзаҳо сахт тобовар будани хонаҳои бисёрқабатаи солҳои ахир сохташуда дар шаҳрҳои Тоҷикистонро зери шубҳа қарор доданд. Бо дарназардошти сатҳи коррупсия дар кишвар  кам касе ба ин итминони мақомот, ки мегуфтанд, биноҳои Тоҷикистон ба заминларзаи иқтидораш то 9 балл тобоваранд, бовар кард. Бисёриҳо аз ҷумла биноҳои сохтаи раиси Хадамоти алоқа Бег Сабурро мисол меоварданд, ки ба таъбири як корбар, бар хилофи оддитарин меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шуда,  дар сохтмонаш сирф маҳсулоти пастсифат истифода шудаанд.

Дар пайи сарусадои зиёд дар ҷомиа раиси  Кумитаи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон Низом Мирзозода рӯзи 16 феврали соли 2023 ба фармоише имзо гузошт, ки тибқи он “комиссия оид ба омӯзиш, таҳлил, баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бино ва иншоотҳои ба истифода додашуда дар давраи солҳои 2018-2022 ва сохтмонашон идомадошта дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд” таъсис дода мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ рӯзи 15 феврали соли 2023 дар мавриди таъсиси гуруҳи корӣ “ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид дар шаҳри Душанбе ва устувории воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрқабатаи ба истифода дода шуда ва сохтмонашон идомадоштаи пойтахт” амри вижае содир кардааст.

Аъзои ин комиссияву гуруҳҳои корӣ вазифадор карда шудаанд, ки сифати сохтмонҳои аз соли 2018 ба ин тараф сохташуда ва сохтмонҳои нотамомро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, то 10 март дар бораи натиҷаи кори худ маълумотнома пешниҳод кунанд.

Аксари ин биноҳое, ки дубора таҳти санҷиш қарор мегиранд, аз ҷумла бисёре аз биноҳои сохтаи Бег Сабур, дар вақташ имзоҳои комиссияҳои қабулро ба даст овардаанд ва дар бисёраш алакай мардум зиндагӣ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button