ВидеоҲодиса

БОЗДОШТИ СЕ ҶАВОНИ АВБОШЕ, КИ ПУЛИ ТАКСИРО НАДОДА, РОНАНДАРО ЗАДАНД

 Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар асоси муроҷиати электронии як нафар ронандаи автомашинаи мусофиркаш, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва напардохтани ҳақи роҳкиро се нафар ҷавонони авбош дастгир карда шуданд.
  Инҳо, шаҳрванд Сафаров Меҳроҷиддин Сайфиддинович, санаи таваллудаш 27.02.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бахтобод;

Маҳмадраҳимов Парвиз Маҳмадраҳимович, санаи таваллудаш 25.11.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сана;

Муқимов Шаҳбоз Бароталиевич, санаи таваллудаш 01.02. 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошанд.

Чуноне аз навори ирсолнамудаи муроҷиаткунанда ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, номбурдагон санаи 23-юми феврали соли 2023, тахминан соати 19:00 аз кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе ба автомашинаи мусофиркаш нишаста, дар ҳудуди шаҳри Душанбе то соати 21:50, яъне наздики се соат (!!!) сайру гашт намудаанд. Ҳангоми ба назди беморхонаи “Истиқлол” расидан, маблағи роҳкиро, ки 100-сомониро ташкил додааст, ки номбурдагон аз пардохт кардани маблағ саркашӣ намуда, ҳамзамон ронандаро латукӯб кардаанд.

  Дар кирдорҳои номбурдагон, ки дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд, баръало аломатҳои ҷинояти авбошӣ дида мешавад. Вобаста ба ин, маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button