АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

СИЁСАТ АРӮСИ ҲАЗОР ДОМОД АСТ… ЭРОН САФОРАТИ АФҒОНИСТОНРО БА ТОЛИБОН СУПУРД

Сафорати Афғонистон дар Эрон ба Толибон супорида шуд. Ҷабҳа гуфт, “ин паёми нохуш дорад”

Муаллиф: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Толибон Муҳаммад Афзал Ҳаққониро сафири нави худ дар Теҳрон таъйин карданд.

Сурат: Акс аз amu.tv

27-уми феврали соли 2023, Эрон Сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба дасти намояндагони гуруҳи Толибон* супорид. Дипломатҳои ҳукумати пешини Афғонистон бинои сафоратро тарк карданд ва намояндагони Толибон ҷойгузини онҳо шуданд.

Ба иттилои хабаргузории “Ому”, Абдулқаюм Сулаймонӣ, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Теҳрон, калиди ин сафоратро ба Вазорати умури хориҷии Эрон дод ва ин вазорат сафоратро расман ба дасти намояндаи Толибон супурд.

“Толибон Муҳаммад Афзал Ҳаққонӣ, ёвари аввали сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба унвони сафири нави худ дар Эрон муаррифӣ карданд”, – менависад манбаъ.

Ҳомид Раҳгузар, яке аз дипломатҳои сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Теҳрон, ба “Ому” гуфтааст, ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба Абдулқаюм Сулаймонӣ, сафири Афғонистон дар Теҳрон дар як тамоси телефонӣ гуфт, “рисолати шумо дар сафорат ба охир расид ва кишвар тасмим гирифт, ки Сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон супорад”.

Раҳгузар гуфтааст, пас аз ин Абдулқайюм Сулаймонӣ ва гурӯҳе аз дипломатҳои афғонистонӣ дар Теҳрон тасмим гирифтанд, ки ба ҷои таслими Сафорат ба дасти Толибон, сафоратро ба ихтиёри Вазорати умури хориҷаи Эрон гузоранд ва таъкид карда, ки “ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва таҷҳизоти дар сафорат дастрас бударо ба Вазорати корҳои хориҷии Эрон супоридаем”.Бинои Сафорати Афғонистон дар ТеҳронАкс аз livingintehran.com


Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ин иттилоъ гуфтааст, “интиқоли сафорат кори Вазорати корҳои дохилӣ аст ва ҳеҷ санад, таҷҳизот ва ашёи дигареро, ки ба сафорати Афғонистон дар Теҳрон тааллуқ дошт, дарёфт накардааст”.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва дигар ҷараёнҳои сиёсии Афғонистон тавассути тамос ва мактубҳо ба мақомоти дахлдори Эрон дархост кардаанд, ки ба далели паёмҳои манфӣ Сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон насупоранд.

Ҷабҳа бо нашри эъломия гуфтааст, ки “мақомдорони Эрон дархостро шуниданд, вале аз рӯи сиёсати худашон ба намояндаи гурӯҳи ғайриқонунӣ ва террористии Толибон иҷозат доданд, ки ба хонаи дипломатии мардуми Афғонистон ворид шаванд”.

“Супоридани намояндагии дипломатии Афғонистон дар Эрон ба гурӯҳе, ки қотили мардуми Афғонистон аст ва исми раҳбарони онҳо дар рӯйхати сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид боқӣ мондааст ва то ҳол ҳеҷ кишвари ҷаҳон барои барқарор кардани равобити расмии дипломатӣ бо он розӣ нашудааст, шубҳанок буда, ба халқи Афғонистон ва баъзе мамлакатҳои дигар паёми нохуш дорад”, – омадааст дар эъломияи Ҷабҳа.

Сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Толибон Муҳаммад Афзал Ҳаққониро, ки то ин дам ба ҳайси ёвари аввали сафорат кор мекунад, сафири нави худ таъйин кардааст.

Дар аксҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки дипломатҳои ҳукумати собиқи Афғонистон ашёи шахсӣ ва акси Аҳмадшоҳи Масъудро аз бинои сафорати Афғонистон интиқол медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҳоло аксари сафоратхонаҳои Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ таҳти назорати дипломатҳои ҳукумати қаблӣ қарор доранд.Охирин акси дипломатҳо ва кормандони ҳукумати собиқи Афғонистон дар сафорати ин кишвар дар ТеҳронАкс аз darivoa.com


Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли равон бо дастури Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Толибон, Муҳаммад Зоҳири Ағбар аз мақоми сафирӣ дар Тоҷикистон барканор шуда, Муҳаммад Зариф Асир, Ҷавод Шӯъла ва Кабир Қосим, ки пеш аз ин низ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе фаъолият мекарданд, ба унвони сарпараст, консул ва масъули идории сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе таъйин шуданд.

Он замон Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, хабари барканорияш ва таъйини сарпарасти нав аз сӯи Толибон дар Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ин хабар воқеият надорад ва Сафорат аз сӯйи Толибон ҳеҷ дастуре нагирифтааст.

*Толибон дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/politics/20230227/saforati-afoniston-dar-eron-ba-tolibon-suporida-shud-aba-guft-in-payomi-nohush-dorad

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button