ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

ИН ЧӢ ОБРӮРЕЗИСТ? ПРОФЕССОРИ ҶОПОНИРО ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ҒОРАТ КАРДААНД

Ғуломалиев Ширалӣ, олими тоҷик, ки дар як донишгоҳи Ҷопон кор мекунад, рӯзи 27 феврали соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук аз як амали нангину обрӯрезандае нақл кардааст, ки бо як олими ҷопонӣ дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон рух додааст. Аз профессори донишгоҳи Сукуба Ито дар фурудгоҳи Душанбе нафақат бо роҳи фиреб 100 долларашро, ба қавли маъруф, “аз худ кардаанд”, балки ба болои ин, пулҳои сомониашро ҳам амалан кашида гирифтаанд. Ва чунин муносибатро нисбат ба намояндаи донишгоҳе раво дидаанд, ки то имрӯз ба даҳҳо донишҷӯ аз Тоҷикистон имкону шароити  таҳсил, аз ҷумла таҳсили бепул фароҳам овардааст.

Паҳлуи бади ин амали нангин боз дар он аст, ки ин корро нисбат ба як меҳмони хориҷӣ на мардони “бӯрдангал”, ки солҳои пеш аз беадабиҳояшон дар фурудгоҳҳо шикоят зиёд буд, анҷом додаанд, балки се хонуми тоҷик бе ягон шарму ибо даст ба ҷайби меҳмони бечора бурдаанд.

Бино ба нақли Ширалӣ Ғуломалиев, моҷаро аз ин қарор буд:

“Баъд аз Ковид-19 Ҷопон дарҳои худро ба хориҷиён боз кард. Донишгоҳи мо низ барои ҷалб кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳои Ҷопон ва хусусан Сукуба, ки барномаи вазорати маорифи Ҷопон мебошад, намояндагони худро ба кишварҳои гуногун фиристод. Шӯъбаи мо ки маъсули кишварҳои пасо-шӯравӣ мебошад, низ намояндагонро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Арманистон фиристод. Онҳо ба ҳамаи кишварҳои зикргардида ташриф оварда, ба Тоҷикистон ворид шуданд. Рӯзи 17 феврал ба Донишгоҳи славянӣ, Донишгоҳи забонҳо ва маркази омӯзишии Кокоро ташриф оварда, бо донишҷуён ва устодон суҳбатҳо оростаанд. Аз донишҷӯён, устодон ва умуман мардуми мо хеле ситоиш ва сипосгузорӣ карданд.

Мутаассифона, ҳангоми бозгашт, дар фурудгоҳи Душанбе ғорат мешаванд. Профессор Ито чунин нақл кард: …вақте ки аз гумрук мегузаштам, дар охир се корманд(зан) шиносномаамро аз назар гузаронда, пурсиданд ки чӣ қадар маблағ дорӣ? Ман 1000 доллар бароварда нишон додам. Онҳо маро ба як ҳуҷра дароварданд ва он маблағро аз дастам гирифта, ҳисоб карда, дар дастам доданд. Ман дар пешашон ҳисоб кардам, онҷо 900 доллар монда, 100-ашро онҳо гирифтаанд. Ман аз онҳо хоҳиш кардам, ки маблағамро баргардонед. Онҳо ба сари ман дод зада мегуфтанд, ки “мо мусулмон ҳастем ва дуздӣ намекунем”. Ман ноилоҷ шуда, аз пешашон рафтам ва як нафарашон аз пасам омада гуфт, ки ҳамон пулҳои сомониро, ки дорӣ, ба мо деҳ, пулҳои сомонӣ дар хориҷа истифода бурда намешавад. Омада пулҳои сомониро низ аз дастам гирифт. Ман барояш гуфтам ки ташна шудам. Ӯ гуфт ки “хайр, рав об гир”. Ман гуфтам, ки ту ҳама пулҳои сомониро аз ман гирифтӣ, ма чӣ тавр об гирам? Баъд он зан рафта як об харида дод. Суҳбатҳои профессор Ито бо он се корманд ба забони русӣ сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Сукуба то имрӯз даҳҳо нафар донишҷуёнро қабул карда, ба онҳо бурс низ додааст. Кадрҳои таёркардаи ин донишгоҳ имрӯз дар соҳаҳои мухталиф кор карда истодаанд. Аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш мекунам, ки ин масъларо дида бароед”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. МВД ва КГБ-и Тоҷикистон ҳатман се занро ёфта, назди дурбинҳои телевизион оварда, бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва ҷопонӣ узр мепурсанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button