ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ФАВРӢ! МАРГИ СЕ НАФАР БАР АСАРИ ЗЕРИ ТАРМА МОНДАНИ МОШИНИ “МУССО” ДАР АҒБАИ ШАҲРИСТОН

Филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”(IRS), ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе  – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии мустақим байни шимол ва маркази Тоҷикистонро бар уҳда дорад, шаби 26 ба 27 феврали соли 2023 хабар дод, ки шаби якшанбе дар километри 157-уми ин шоҳроҳ дар мавзеи ағбаи Шаҳристон як мошини тамғаи “Муссо” зери тарма монд.

Дар натиҷа, 3 нафар дар макони ҳодиса ба ҳалокат расида, як мусофири дигари ин мошинро дар беморхонаи ноҳияи Шаҳристон бистарӣ кардаанд.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки кормандони IRS якҷо бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода фаврӣ ба макони ҳодиса расида, барои наҷоти ин афрод тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, вале мутаассифона, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ  ба ҷо гузошт.

IRS ба аҳли хонавода ва пайвандони шахсони фавтида арзи тасаллият карда, барояшон  аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил хостааст ва ҳамзамон аз ҳамаи ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар масири Душанбе – Чаноқ бодиққату эҳтиёткор бошанд.

Бар асари тармаҳои имсола дар роҳи Душанбе  – Хуҷанд то имрӯз алакай 4 нафар ҷон бохтаанд. Дар умум шумори қурбониёни тармаҳо дар саросари Тоҷикистон ба 22 нафар расид. 18 нафари он дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла 15 нафар дар маҳаллаи Носири Хусрав (собиқ Шошхоруғ) дар шаҳри Хоруғ, як нафар дар ноҳияи Шуғнон ва дуи дигар дар Ванҷ зери тарма монда, ҷони худро аз даст доданд.

Ширкат наздикиҳои нимашаби 26 ба 27 феврал иловатан хабар дод, ки “тармаҳое, ки чанд лаҳза пеш дар километри 153 – 156- уми роҳи ДушанбеЧаноқ фаромада буд, бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт иҷозат дода шуд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button