ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ 689 МУҲОҶИР ДАР ҶАРАЁНИ ЯК РЕЙДИ ГУСТАРДА ДАР АЛМА-АТО (ВИДЕО)

Пулиси  шаҳри Алма-Ато видеои чӣ гуна аз Қазоқистон депортатсия кардани 20 муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро нашр карл. Сомонаи  Policia.kz хабар дод, ки инҳо муҳоҷироне буданд, ки дар ҷараёни рейди густардае бо номи “Мигрант” бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Қазоқистон дастгир шуданд.

Асҳат Бутунчинов, сардори хадамоти муҳоҷирати департаменти пулиси шаҳри Алма-Ато дар бораи натиҷаҳои ин рейд гуфт: “Дар зарфи 4 рӯзи амалиёт 689 нафар бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонида шуда, 83 шаҳрванди хориҷиро аз Қазоқистон берун карданд. Барои вайрон кардани қоидаҳои будубош 360 хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашонда шуданд. 288 сокини маҳаллӣ барои дуруст накардани ҳуҷҷатҳои меҳмонони худ ҷазо гирифтанд. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҷалби коргарони хориҷӣ 40 корфармои қазоқ низ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар умум ба тавқифгоҳи пулис 464 хориҷиеро, ки бо худ ҳуҷҷат надоштанд, оварданд”.

Бутунчинов афзуд, ки дар ҷараёни рейд ҳамчунин дар робита ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират 8 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ду нафари таҳти ҷустуҷӯ қарор дошта низ ба даст афтоданд.

Қазоқистон баъди Русия дуюмин бозори бузурги кор барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба ин кишвар барои ҷустуҷӯи кор аз ҷумла ҳазорон нафаре рӯ меоранд, ки “запрет” гирифта, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд,

Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, дар Қазоқистон ҳудуди 300 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Садҳо нафари онҳо алакай шаҳрвандии Қазоқистон ваё ҳаққи иқомати дарозмуддат дар ин кишварро ба даст овардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button