ВидеоМуҳоҷирон

АЗ БАҒОЧИ ЗАНЕ, КИ АЗ СУРГУТ БА ХУҶАНД ПАРВОЗ МЕКАРД, ҚАРИБ 1,2 МИЛЛИОН РУБЛ ЁФТААНД (ВИДЕО)

Аз бағочи дастии як зани мусофири парвози Сургут – Хуҷанд дар фурудгоҳи ин шаҳри воқеъ дар шимоли дури Русия 1 миллиону 167 ҳазор рубл пайдо кардаанл.  Хадамоти матбуоти боҷхонаи минтақаи Тюмени Русия хабар дод, ки ин зани мусофир мехост чунин маблағи бузургро бидуни эъломияи гумрукӣ тавассути роҳрави сабзи боҷхонаи фурудгоҳи Сургут бо худ гузаронад.

Кормандони боҷхонаи Сургут маблағи баробари 10 ҳазор доллари Амрикоро ба ин зан бо забонхат баргардонда, 451 ҳазору 500 рубл маблағи боқимондаро, ки мебоист эъломия карда мешуд, мусодира кардаанд.

Нисбат ба ин зан бо иттиҳоми кӯшиши қочоқи ғайриқонунии пули нақд парвандаи маъмурӣ кушода, алакай ба додгоҳ фиристодаанд. Ба ӯ ҷарима ба андозаи аз ним то ду баробари маблағи гирифташуда ваё мусодираи ин маблағ таҳдид мекунад.

Маълум нест, ки ин зан бо ҳамёни хеле сабуктаршуда ба сафари худ идома додааст ё то анҷоми баррасии парвандааш дар Сургут мемонад?

Игор Галузин, сардори боҷхонаи Сургут гуфт: “Ҳолатҳои вайрон кардани қонун ҳангоми интиқоли пул зиёд шудааст. Соли гузашта кормандони боҷхонаи Сургут 32 кӯшиши ғайриқонунӣ ба хориҷа бурдани маблағи дар умум беш аз 6 миллион рублро пешгирӣ карданд”.

Аксари онҳое, ки ба даст меафтанд, муҳоҷиронеанд, ки пулҳои бо сад азоб дар Русия кор кардаи худро мехоҳанд риск карда, бидуни эъломияи гумрукӣ ба Ватан бубаранд, вале аз сабаби надонистани қонунҳо гирифтор мешаванд.

Барои маълумоти муҳоҷирон:

Русия баъди шурӯи ҷанги Украина ба хориҷ бурдани асъори хориҷӣ ба маблағи  бештар аз 10 ҳазор доллари Амрикоро манъ кардааст, вале бурдани рубли русӣ ҳанӯз сахт маҳдуд карда нашудааст. Мусофирон метавонанд рубли русиро ба маблағи баробари то 10 ҳазор доллар бидуни ягон мамониат тавассути роҳрави сабз бо худ бубаранд.

Дар сурати аз рӯи қурбаш аз 10 ҳазор доллар бештар ва аз 100 ҳазор доллар камтар будани пулҳои нақдашон, мусофирон бояд дар боҷхонао танҳо эъломия пур кунанд ва ба кормандони боҷхона хабар бидиҳанд, ки бо худ чунин маблағ доранд. Дар ин сурат онҳо бояд аз тариқи роҳрави сурх гузаранд.

Вале агар маблағи бо худ доштаи мусофирон аз рӯи қурбаш аз 100 ҳазор доллар бештар бошад, онҳо муваззафанд , ки дар роҳрави сурх ба кормандони боҷхона дар мавриди манбаи ин пулҳо санад нишон бидиҳанд.

Дар ҳар сурат, истифода аз ин василаҳои қонунии содда барои муҳоҷирон хеле амнтар аст нисбат ба он ки беҳуда риск кунанд ва пулҳояшонро бидуни эъломия аз боҷхона гузаронданӣ шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button