ВидеоҶомеа

25 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕ БАРОИ КУШТОРИ БЕРАҲМОНАИ ДУХТАРИ 11-СОЛААШ (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Душанбе сокини 67-солаи кӯчаи Хайрободи ноҳияи Шоҳмансур Саидов Гурез Шариповичро бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои “в” ва “е”  дар куштори ноблолиғ бо бераҳмии махсус гунаҳкор шинохта, ба 25 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки падари 7 фарзанд Гурез Саидов дар қатли бераҳмонаи духтари ноболиғи 11-солааш гунаҳкор дониста шуд.

Бино ба шарҳи додситонӣ,тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки шаҳрванд Саидов Гурез Шарипович, соли таваллудаш 1956, 28 октябри соли 2022, тахминан соати II00 дар манзили зисташ бо мақсади харидорӣ намудани доруворӣ хостааст аз ҷайби костюмаш, ки дар хуҷраи хобаш нигоҳ медошт, пул бигирад. Зимни аз назар гузаронидани ҳамёнаш ӯ муайян мекунад, ки 100 сомонӣ пулаш гум шудааст. Гурез Саидов дар дуздидани пулҳояш ба духтари хурдсолаш ( с.т. 2011) Саидова Мадина Гурезовна гумон бурда, ӯро ба ҳуҷраи худаш дароварда, латту кӯб кардааст, ки ӯ дуздидани пулҳо аз ҳамёни падарашро эътироф кунад.

Вале Мадина даст доданаш дар дуздиро рад мекунад ва падари сангдил асояшро гирифта, бо бераҳмии махсус ба қисмати сару рӯй, дасту пой, шикам ва танаи Мадинаи хурдсол чандин зарбаи сахту ҷонкоҳ  мезанад. Ин ҳолатро модари Мадина Саъбагул Саидова дида, кӯшиши халос кардани духтарашро мекунад. Вале Гурез Саидов ҳамсарашро зада, аз ҳуҷра берун карда, боз аз миёнаш тасмаашро бароварда, бо тасма духтарчаи бечораро латтукӯб мекунад. Мадинаи хурдсол аз зарбаҳои бераҳмонаи падар ҷароҳатҳои сахти ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад…

То кунун маълум нест, ки оё пулҳои гумшудаи Гурез Саидовро духтари бо бераҳмии махсус кушташудааш гирифта буд ё он пулҳоро дар дигар ҷо гум карда буд? Худи Гурез Саидов дар гузорише, ки қаблан дар барномаи “Ахбор и ВКД” нашр шуд, исрор меварзид, ки гӯё Мадина баъди латтукӯбаш иқрор кардааст, ки пулҳоро ӯ гирифтааст. Вале ин ки ӯ ин корро дар ҳақиқат карда буд ё дар натиҷаи шиканҷа маҷбур шуд, ки гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад, дигар як суоли беҷавоб боқӣ мемонад. Сирри ин корро Мадина ғӯррамарг бо худ ба гӯр бурд…

Сироҷиддин Шакурӣ, корманди маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии пойтахт дар он гузориш дар барномаи “Ахбори ВКД” гуфт, ин ҳодиса нафақат ҷони як кӯдаки аз сад гул як гулаш ҳам ношукуфтаро гирифт, балки ин оиларо дутарафа ғарқи мотаму ғам кард. Аз як тараф, Мадинаи ғӯррамарг, ки мутаассифона, қурбони ҷаҳолати падар шуд, ва аз тарафи дигар, худи ин падари ҷоҳилро дар ин синни пирӣ бо ҷурми қатли фарзанди худаш ба курсии айбдорӣ нишонд ва ӯ бояд акнун то поёни умр бори вазнини қатли фарзандашро ба дӯши худ бикашад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button