Нодир Муродзода, як мақомдори баландпояи Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бо итттиҳоми “қаллобӣ” ва талоши гирифтани пора аз наздикони як гумонбар дар кочоқи маводи мухадддир боздошт шудааст.
Манобеи Радиои Озодӣ дар ин Агентӣ ва додситонӣ рӯзи 26-уми феврал гуфтанд, ки Нодир Муродзода, сардори Раёсати назорати давлатии маводи нашъаовари дар Хатлон рӯзи 10-уми феврал ҳамроҳ бо чор зердасташ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Мақомот расман ҳодисаро шарҳ намедиҳанд, вале ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, полковник Муродзода дар тағйири парвандаи як кочоқбар ва гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 150 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад. Ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” айбдор мешавад.
Назари Нодир Муродзода ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест. Парвандаи ӯ ва чанд зердасташро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулл таҳқиқ доранд.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ гуфт, ки Нодир Муродзода дар ҳамкорӣ бо кормандони КДАМ дар Хатлон як кочоқбарро боздошт мекунад ва тафтиши парвандаи онро бар душ мегирад, вале бар хилофи далелҳо талош мекунад, то ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо созад ё ҷурмашро камтар нишон диҳад.
Ҳоло Нодир Муродзода дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Айбе, ки нисбат ба ӯ эълон шудааст, аз 94 ҳазор сомонӣ то беш аз 140 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Маъмулан дар Тоҷикистон аксари мансабдорони боздоштшуда бо супурдани ҷарима аз ҷавобгарӣ раҳо мешаванд.