ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК МАРД ДАР ВОСЕЪ ХОНАИ … ХОҲАРИ ХУДАШРО ҒОРАТ КАРДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 22.02.2023

Дастгир гардидани марди 38-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза зани 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2022 бародараш, қулфи дари хонаи истиқоматиашро шикаста, вориди хонаи ӯ шуда, аз он ҷо молу ашёи рӯзгор ва либосҳои кӯдаконаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 35 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бародараш марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Тафсилоти дигари ҳодиса то ин соат ба даст нарасидааст. Сабаби хонаи хоҳари худашро мавриди ғорат қарор додани ин сокин маълум нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button