ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

3 ҶОНИ ЗИНДА ВА 217 ҶАСАД: НАҶОТБАХШОНИ ТОҶИК БО САРИ БАЛАНД АЗ ТУРКИЯ БАРМЕГАРДАНД

Дастаи панҷоҳнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ки аз 10-уми феврали соли 2023 дар манотиқи зилзилазадаи Ҷумҳурии Туркия дар амалиёти ҷустуҷӯ ва иштирок доштанд,  соати яки шаби 22 ба 23 феврал бо сари баланд ба Ватан бармегарданд. соати 01:00 рӯзи 23-уми феврал ба Ватан бармегарданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод, ки имдодгарони тоҷик, ки аввал дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш ва баъдан дар вилояти Ҳотой дар ҷануби Туркия фаъолият мекарданд, ба маъмурияти худ дар манотиқи офатзада хотима медиҳанд ва ба шаҳри Душанбе бармегарданд. Як ҳайъати иборат аз 50 нафар, ки наҷотбахшон ва табибони ҷарроҳу шикастабандро дар бар мегирифт, аз 10 феврал дар минтақаҳои осебдидаи Туркия дар амалиёти ҷустуҷӯву наҷот иштирок доштанд.

Дар ин муддат наҷотбахшони тоҷик аз зери харобаҳову вайронаҳо 217 ҷасади қурбониёни заминларзаи мудҳишро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдори Туркия супурданд. Ҳамчунин ба наҷотбахшони тоҷик муяссар шуд, ки се нафар, аз ҷумла як кӯдаки сесола бо номи Явуз ва як падарро ҳамроҳи тифли шашмоҳааш дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш аз зери харобаҳо зинда наҷот диҳанд. Наҷоти ин се ҷон кофист, ки маъмурияти наҷотбахшони тоҷикро дар Туркия баҳои баланд бидиҳем ва ба онҳо офарин бихонем.

Ин наҷотбахшон дар воқеъ қаҳрамони мардуми тоҷиканд, чунки сари мардуми моро дар манотиқи офатзадаи Туркия баланд карданд ва сидқану самимона қариб ду ҳафта дар канори мардуми офатзада истод шуданд!

Мо бо ҳар кадоми шумо ифтихор мекунем!

Ёдовар мешавем, бар асари заминларзаҳои харобиовари рӯзи 6 феврал дар ҷануби Туркия ва шимоли Сурия, бино ба ҳисобҳо, наздики 50 ҳазор нафар ҷон бохта, ҳазорон хона ба хок яксон шуд. Ин заминларза пурқурбонитарин ва харобиовартарин офати табиӣ дар ин минтақа аз соли 1939 ба ин тараф шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Холиқи халқи худо худи худост,
    Лоиқи ҳамду сано худи худост.
    Дар замини хокӣ моем хоксон,
    Хокпарвар, хокдӯст худи худост.
    Дар судурам ҷобаҷо карда диле,
    Дар замирам ҷошуда худи худост.
    Аз буюте масҷиде созем васеъ,
    Хонаи дил хонаи танги худост.
    Дил ба тангӣ садхудоӣ мекунад,
    Қул ҳуваллоҳи аҳад якто худост.
    Ман ба дини хеш розӣ гаштаам,
    Дини розӣ дини исломи худост.
    Тоҷикон буданд имоми ҷаҳон,
    Бо талоши хеш бо фазли худост.
    Аз фазилат рӯ ба зиллат кардаем,
    З-ин залолат нурафшонам худост.
    Гар ба лиқои раб остин таҳ задӣ,
    Ин мулоқот ҳам таманнои худост.
    Саҳл кард бар мо лисони ҳукмро,
    Ҳукм қуръон, саҳл фурқони худост.
    Пас ба худ сахтӣ макун, осон гир,
    Мушкилосонкун туро худи худост.
    Қатъи тавба ё шикасти тавбаро,
    Пас фақат иблис маъюси худост.
    Дар диёри ӯ ҷабинам пеш шитофт,
    Чашму аъйнам дар тамошои худост.
    Меравӣ сад роҳ масире нест нест,
    Ин сиротулмустақим роҳи худост.
    Пули мустаҳкам набӣ бунёд кард,
    Ин тараф байтулҳарому он тараф арши худост.
    Он, ки миндуни варо меҳмон кард,
    Пас агар баргашт, меҳмони худост.
    То ба кай миндуниҳи меҳмон кунӣ,
    Меҳмонат як нафар халқи худост.
    Аз гиреҳақлӣ ҷаҳолат дар бар аст,
    Дур аз ҷаҳл, ақл боз, нури худост.
    Ман насиҳат кардамат Шайх-ул-Ҳасан,
    Ғайр аз ин роҳе равӣ, ғайри худост!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button