МуҳоҷиронРӯйдодҳои БадахшонФарҳанг

ДАЛЕР НАЗАРОВ ЯК ҚИСМИ ПУЛИ КОНСЕРТҲОЯШРО БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ ПОМИР МЕФИРИСТАД

Устоди саҳнаи эстрадаи муосири тоҷик Далер Назаров ба баргузории силсилаи консертҳояш дар Тоҷикистону Русия омодагӣ мебинад.

Қарор аст, шоми 11 марти соли 2023 як консерти ӯ дар “Кохи Сурӯш” дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Ин консерт, ки ба шакли мултиформат доир хоҳад шуд, соати 18:00 оғоз ёфта, ҷараёнаш тавассути сомонаи www.clickstars.online низ мустақиман пахш хоҳад шуд.

Баъди ин Далер Назароев бо як сафари ҳунарӣ ба Русия раҳсипор мешавад. Ӯ рӯзи 17 март дар шаҳри Санкт-Петербург, дар Толори консертии воқеъ дар Пироговская набережная консерт дода, рӯзи 19 март дар Маскав дар гала-консерти наврӯзӣ дар толори муҳташами “VK Stadium”, ки барои 7 ҳазор тамошобин сохта шудааст, ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ниҳоят, рӯзи 21 март, дар рӯзи иди Наврӯз консерти Далер Назаров дар шаҳри Новосибирск дар толори консертии ба номи Маяковский доир мешавад.  Нархи чиптаҳо ба консертҳои Далер Назаров дар Русия аз 1500 рубл шурӯъ мешаванд.

Аслишо Акимбеков, мудири кулли ширкати CLICKSTARS  ва яке аз ташкилкунандагони консертҳои Далер Назаров хабар дод, ки як қисми маблағҳои аз ҳисоби фурӯши чиптаҳо бадастомада барои кумак ба осебдидагони тарма дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон равон карда мешавад.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 15-16 феврали соли 2023  бар асари фурӯрезии тармаҳо дар шаҳри Хоруғ 15 нафар, дар ноҳияи Ванҷ ду нафар ва як духтари 16-сола дар ноҳияи Шуғнон ба ҳалокат расиданд.

Аз фонди президенти Тоҷикистон барои ҳар оилае, ки дар ин офати табиӣ наздикони худро аз даст додаанд, маблағи 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсоне, ки осеби ҷисмонӣ бардоштаанд, ба ҳар кадомашон маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд. Ҳамчунин барои кумак ба зарардидагон аз ҳисоби фонди президент ба Бадахшон 18 тонна кумакҳои ғизоӣ низ фиристода шуд, ки аз ҷумла аз 12,5 тонна орд, 2,5 тонна шакар, 1250 литр равған, 1250 кило биринҷ ва маҳсулоти дигар  ва ҳамчунин молҳое, чун бистару кӯрпа, сару либос ва пойафзол иборат мебошад.

Рӯзи 20 феврал сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ аз маҳаллаи офатзада дар шаҳри Хоруғ боздид  кард.

Далер Назаров 63  сол дошта, яке аз хушномтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик ба шумор меравад. Таронаҳои ӯ инак 40 сол боз аз таронаҳои маҳбуб дар байни мардум ба шумор мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button