ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН ДАР НОРАК ВА ЯК НАВРАС ДАР РӮДАКӢ БАРОИ ДУЗДИИ ПУЛУ ҶАВОҲИРОТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 21.02.2023

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ алоқаманд бо харидории автомобил

12

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шудааст, ки ӯ 15-уми декабри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 57-солаи сокини ноҳияи Ашт даромада, автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс S350L»-ро ба маблағи 192 ҳазор сомонӣ савдо карда гирифта, 60 ҳазор сомониро дода боқимонда 132 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии ҷавоҳироту маблағ

26

Ба ШВКД дар шаҳри Норак аризаи зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми феврали соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 64-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми феврали соли 2023, тахминан соати 18:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 25 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button