ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БАРОИ ХАНДАҚКАНӢ БА УКРАИНА БУРДА, ФИРЕБ ДОДАНД (ВИДЕО)

Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ариза навишта, аз як корфармои рус шикоят кардаанд, ки онҳоро барои хандақканӣ ба вилояти Запорожеи Украина бурд, вале дар охир пулашонро пурра надод. Ба гуфтаи коргарон, корфармо “Сергей Евгеневич” барои ҳар хандақ ба онҳо 800 ҳазор рубл ваъда карда буд. Дар ин бора рӯзи 19 феврали соли 2023 Телеграм-канали База хабар дод. Бино ба иттилои ин нашрия, дар пайи муроҷиаташон ба мақомот, ба муҳоҷирон таҳдид кардаанд, ки аризаашонро пас бигиранд, вагарна аҳволашонро бад хоҳанд кард.

“База” менависад, ки ба муҳоҷири тоҷик Аминҷон тақрибан як моҳ пеш кори маошаш хуб, вале хатарнок: кандани хандақҳо дар вилояти Запорожеи Украинаро пешниҳод карданд. Азбаски Аминҷон бекор буд, розӣ шуд ва ӯву боз 32 нафари дигар аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо автобус ба сарзаминҳои аз сӯи артиши Русия ишғолшудаи Запороже фиристоданд.

Онҳоро дар инҷо дар хонаҳое, ки соҳибонашон партофта, аз хатти ҷанг фирор кардаанд, ҷобаҷо карданд.  Тибқи тақсимот, аввал трактор чуқурии хандақро меканд ва сипас муҳоҷирон бояд онро бо чӯбу тахта балка зада, мустаҳкам мекарданд.

Аминҷон мегӯяд, корфармояшон Сергей Евгеневич барои ҳар хандақ 800 ҳазор рубл ваъда дода буд.  Гуруҳи Аминҷон дар як моҳ ду хандақро бо балка мустаҳкам кард ва тибқи ваъда, бояд 1 миллиону 600 ҳазор рубл мегирифт. Вале корфармо ба онҳо ҳамагӣ 595 ҳазор рубл пардохт кардааст, ки ин ҳатто камтар аз пули як хандақ аст.

Аминҷон мегӯяд, боз ҳам бахти онҳо омад кард, ки ақалан як чӣ, ним чӣ гирифтанд. Бархе муҳоҷирон ҳатто пуле надоранд, ки ба Маскав баргарданд. Яке аз онҳо дар Запароже гирифтори бемории кӯрӯда (аппендитсит) шуда, якеи дигар панҷаи дасташро аз даст дод, вале ба онҳо ҳатто кумаки тиббии лозим расонида нашуд.

Баъди ба Маскав баргаштанаш, Аминҷон ва боз се муҳоҷири тоҷик ба мақомот ариза навиштанд. Онҳо ба ҷуз аз инки корфармояшон “Сергей Евгеневич” ном дорад, чизе дар бораи ӯ намедонанд, чунки ҳангоми рафтан ба Украина бо онҳо ягон қарордод ё санад имзо накардаанд. Аминҷон мегӯяд, ҳоло ба онҳо таҳдид карда истодаанд, ки аризаашонро пас бигиранд ва ба ин далел, онҳо метарсанд, ки ҳатто берун бароянд.

Ин ягона мавриди барои кор ба сарзаминҳои ишғолшудаи Украина ҷалб шудани муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ нест. Қаблан дар бораи барои бозсозии шаҳри бандарии аз бомбаборон вайроншудаи Мариупол бурда шудани садҳо муҳоҷир хабарҳо ба даст расида буд. Ҳамин тавр, дар Русия ба таври ошкор бо ваъдаи зудтар ба даст овардани шаҳрвандӣ муҳоҷиронро барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина низ даъват мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button