ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЯК РӮЗ БОЗ 9 ТАРМАИ ДИГАР. РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БОЗ ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ боз 9 тарма фаромадааст. Ҳамаи ин офатҳои табиӣ дар роҳҳои Бадахшон фурӯ рехтаанд. Аз ҷумла 19 феврали соли 2023 дар километрҳои 327-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз, километрҳои 425, 426, 427, 447, 448  роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ, километри 554 роҳи Ванҷ-Рӯшон-Хоруғ, ҳамчунин дар километри 12 роҳи Хоруғ-Роштқалъа тарма фаромада, боиси муваққат қатъ шудани ҳаракати нақлиёт дар бархе қисматҳои ин роҳҳо шудааст. Оқибатҳои фурӯрезии тарма дар ҳудуди ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон бартараф карда шуда, корҳои бартарафсозӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Роштқалъа ҳанӯз идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS рӯзи 20 феврал хабар дод, ки шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, ки чанд рӯз боз ба сабаби беист фурӯ рехтани тармаҳо баста шуд,  дигарбора барои ҳаракати нақлиёт боз шудааст.

Ба ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз 15 то 19 феврал дар қаламрави Тоҷикистон  200 тарма, 7 ярчч ва 6 сангрез сабт шуда, бар асари фурӯ рехтани тармаҳо 19 нафар ҷон бохтанд. Аксари қурбониён – 18 нафар – дар Бадахшон дар зери тарма ҷон бохтанд.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, хатари фурӯ рехтани тармаву ярчу сангрез ва сел дар манотиқи кӯҳистон ва кӯҳдомани Тоҷикистон камаш то 21 феврал баланд боқӣ мемонад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат, аз ҷумла аз рафтан ба шикору моҳигирӣ, ҷамъоварии ҳезум ва чаронидани чорво дар манотиқи кӯҳистон ҳадалимкон худдорӣ варзида, қоидаҳои бехатариро ҷиддан рияо кунанд. Аз аҳолӣ ҳамчунин хоста мешавад, ки ҷӯю каналҳои селпарторо тоза кунанд. Аз ронандагон низ хоста мешавад, ки дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд ва ҷони худ ва ҳамроҳони худро ба хатар наандозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button