МуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МУСОДИРАИ 100 БАНДЧА ИСПАНД АЗ ЯК МУСОФИРИ ТОҶИК. ОГОҲ БОШЕД! ИСПАНД ДАР РУСИЯ РУСТАНИИ НАШЪАДОР ДОНИСТА МЕШАВАД!

Хадамоти матбуоти боҷхонаи минтақаи Шимолу Ғарби Русия хабар дод, ки кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург дар бағочи як мусофир аз Тоҷикистон рустаниеро пайдо кардаанд, ки дар таркибаш маводи нашъадор доштааст.

Бино ба иттилои расмӣ, шаҳрванди Тоҷикистон аз Душанбе ба Петербург омада, мехост аз роҳрави сабз бигузарад. Вале ташхиси рентген дар бағочи дастии ӯ миқдори зиёди растании яксонро  ошкор кард. Дар умум аз бағочи ин мусофир 100 бандча растанӣ, вазни умумиаш 9 килою 50 граммро пайдо кардаанд.

Мусофири тоҷик гуфтааст, ки ин рустании шифобахшест, ки дар Тоҷикистон бо номҳои испанд ва ҳазориспанд маъруф аст ва ӯ аслан хабар надошт, ки овардани испанд ба Русия мамнӯъ аст.

Ташхис низ нишон дод, ки рустании ёфтшуда испанд (ба русӣ гармала ва ба лотинӣ Peganum) аст, ки баргу шохаҳо ва донаҳои он дар таркибашон пеганин ва гармин доранд. Гармин дар Русия ба рӯйхатти маводи нашъадор ворид карда шуда, гардиши он маҳдуд карда шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса боҷхонаи Пулково дар бораи ошкор шудани ҷинояти марбут ба қисми якуми моддаи 229 Кодекси ҷиноятии Русия (қочоқи маводи мухаддир) гузориш додааст ва корҳои санҷишӣ дар ин робита идома доранд. Агар Худое нохоста, ба зидди мусофири тоҷик бар асоси ин далел парванда бикушоянд, ба ӯ ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндон ва то як миллион рубл ҷарима таҳдид мекунад.

Испанд (ҳазориспанд, ё гармала) рустаниест, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам барои табобат, аз ҷумла аз шамолхӯрдагӣ, истифода мешавад ва ҳам барои ҳимоят аз ҳар навъ беморию чашми бад. Дар ин минтақа дар кӯчаву хиёбонҳо кӯдакон дар даст зарфҳо бо дуди ҳазориспанд мегарданд ва ба мардум ва ронандагони раҳгузар дар ивази ягон маблағи ночизе пешниҳод мекунанд, ки аз дуди испанд нафас бикашанд ва худро аз баду бало дур нигоҳ бидоранд.

Вале муҳоҷирон бояд барои ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Русия бурдани испанд риск накунанд, зеро дар Русия ҳадди ақал як ҷузъи таркиби испанд – гармин – ба рӯйхатти маводи нашъадор шомил карда шудааст ва барои интиқоли он ба муҳоҷирон метавонад ҳукми воқеии зиндон таҳдид кунад.

Аксҳо аз боҷхонаи Пулково:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button