Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТаърих

МУЛОҚОТИ ТАЪРИХИИ 6 ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ДУБАЙ

Президенти кунунии Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров)  дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки як мулоқоти алоҳидаеро бо ҳамаи 5 президенти собиқи ин ҷумҳурӣ доир кардааст. Эрбол Султонбоев, сухангӯи Ҷабборов гуфт, дар ин мулоқот ҳамаи президентҳои собиқи Қирғизистон Аскар Оқоев. Қурмонбек Боқиев, Роза Отунбоева, Алмосбек Аҳтамбоев ва Сооронбой Жээнбеков иштирок кардаанд. Ба гуфтаи Султонбоев, “ба сабабҳои маълум, барои баргузории ин мулоқот як макони бетараф интихоб карда шуд”.

Ҳарчанд ин расман гуфта нашудааст, вале бино ба хабарҳои расида, ин мулоқоти дар таърих бесобиқаи ҳамаи 6 президенти собиқи Қирғизистон рӯзи 17 феврали соли 2023 дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шудааст.

Содир Ҷабборов навишт, “ба хотири ояндаи кишвару иттиҳоди мардум” кайҳо боз дар фикри ба ҳам овардани ҳамаи роҳбарони собиқи кишвар буд, зеро, ба таъкиди ӯ, “то замоне ки раҳбарон муттаҳид нашаванд, тарафдорони онҳо аз як гиребон сар намебароранд”.

Содир Ҷабборов гуфт, президентҳои собиқ дар ин иддор масоили марбут ба гузаштаро баррасӣ карда, аз пешниҳоди иттиҳод ба хотири ояндаи кишвар пуштибонӣ карданд. Ӯ аз мардум низ даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва пеш аз ҳама ба манфиатҳои Қирғизистон фикр кунанд.

Содир Ҷабборов таассуроташ аз мулоқоти Дубайро чунин ба қалам овардааст:

“Орзуи деринаи ман ба хотири ояндаи кишвару иттиҳоми мардум амалӣ шуд: Ман ҳамаи президентҳои қаблиро гирди як миз ҷамъ оварда, бо ҳамааш мулоқот кардам…

…Ин андеша дер боз дар сарам чарх мезад, ки агар ман мулоқоти муштарак бо ҳамаи президентҳои қаблиро, ки дар вақташ онҳоро мардум интихоб карда буду ба сурати таассуфбор курсиҳои худро аз даст доданд, доир кунам, ин метавонад мардумро муттаҳид бисозад…

…Барои онҳо ғизоҳои миллии қирғизӣ омода карданд. Президентҳои собиқ ба хотири ояндаи миллат озурдагиҳои худро фармоӯш карда,  ин ташаббус барои мулоқоти муштаракро дастгирӣ карданд. Албатта, президентҳои собиқ, ки паси ҳам омаданд, норозигии худро ҳам баён доштанд. Аз озурдагиҳои худ мегуфтанд, вале дар айни замон иштибоҳҳои худро ҳам эътироф мекарданд. Вале аз ҳама муҳимаш ин буд, ки якдигарро бахшиданд! Мақсади ман ҳамин буд.

Бале, дар сиёсати ҳар кадоми онҳо иштибоҳҳо вуҷуд дошт, ҳодисаҳои фоҷиабору хунрезӣ ҳам буд. Ҳаводиси Оқсӯ дар даврони Оқоев, ҳаводиси апрел дар давраони Боқиев, ҳаводиси моҳи июни соли 2020 дар давраи ҳукумати муваққати Отунбоева, ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 дар давраи Жээнбеков. Ин ҳама, мутаассифона, дар таърихи мо бо ҳарфҳои сиёҳ нақш бастаанд. Мо чӣ қадар аз ҷавонони худро аз даст додем. Ман норозигии наздикони онҳоро дарк мекунам. Вале биёед, ҳама ранҷишу озурдагиҳои гузаштаро пас бигузорем. Мардуми Қирғизистон бояд муттаҳид шаванд! Биёед, манфиатҳои худро канор бигузорем ва ба манфиатҳои тамоми кишвар фикр кунем! Ман нисбат ба ҳеҷ кадом аз президентҳои собиқ ягон ранҷишу хафагӣ дар дил надорам.”

Ягон акси муштараки президентҳои собиқи Қирғизистон аз ин дидор нашр нашудааст. Ҷабборов ба ҷои ин дар зери хабари мулоқоти Дубай акси харитаи ҳоқонигарии қирғизҳо дар асри 9-умро гузошт, ки тавре аз ин харита бармеояд, дар он аҳд сарзаминҳои бузурге аз ҳудуди Осиёи марказии кунунӣ то сарзаминҳои қабилаҳои муғул ва қисматҳои бузурги минтақаи Сибир, ки ҳоло ба Русия тааллуқ дорад, он вақт тобеи ҳоқони қирғиз будаанд.

Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки тайи 31 соли истиқлолаш шоҳиди раёсати алакай 6 президент шудааст. Аз соли 1991 то 2005 раҳбарии Қирғизистон Аскар Оқоев дар даст дошт, ки соли 2005 дар натиҷаи эътирозҳои мардумӣ сарнагун карда шуд ва аз кишвар фирор карда, ба Русия паноҳ овард. Ба ҷоиӯ Қурмонбек Боқиев омад, ки ӯро ҳам соли 2010 ба фасоду хешутаборбозӣ айбдор ва аз қудрат сарнагун карданд. Боқиев ба Беларус фирор кард ва дар Ватанаш ғоибона ба 24 соли зиндон маҳкум шудааст. Роза Отунбоева ҳамагӣ як сол ( аз 2010 то 2011) президент буд ва курсиро ихтиёран ба Алмосбек Аҳтамбоев супурд. Аҳтамбоев баъди адои давраи якуми президентиаш дар соли 2018 дигарбора номзадии худро пешбарӣ накард ва канор рафт. Ба ҷои Сооронбой Жээнбеков омад, ки Аҳтамбоевро соли 2019 ҳабс ва ба 11 соли зиндон маҳкум кард, вале худаш моҳи октябри соли 2020 дар натиҷаи эътирози мардум сарнагун шуд.

Тими Ҷабборов омодагӣ ба мулоқоти 6 президентро пинҳон нигоҳ медошт, вале бархе ҳаракатҳояш нишон медиҳанд, км тайёрӣ ба он дер боз идома доштааст. Аз ҷумла ба Аскар Оқоев соле пеш ин имконро ҳам дода буданд, ки ба Ватан биояд ва дар чорчӯби парвандаи ба зиддаш бозшуда баёнот бидиҳад. Чанде пеш эълон шуд, ки парвандаи зидди Аскар Оқоевро бастаанд ва ӯ метавонад озодона ба Қирғизистон равуо кунад. Ҳамин тавр, рӯзи 14 феврали соли ҷорӣ Алмосбек Аҳтамбоевро аз маҳбас озод карданд ва ӯ барои табобат ба Испания раҳсипор шуд. Вале роҳи ӯ ба Испания аз тариқи Дубай буд. Ҳоло маълум шуд, ки барои чӣ Дубай?

Коллажҳо аз:   

@AzattykMedia

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Тоҷикон сина мезананду гӯши фалакро кар кардаанд, ки мо тамаддуни ҳазорсолаи оламшумул дорем, қирғизҳои (ба қавли Жириновский “дети кочевники”) бетамаддун 6-президентро иваз карданд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button