ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ДУ ҚУРБОНИИ ОХИРИНИ ТАРМАИ ХОРУҒ – ДУ ДУХТАР АЗ ИШКОШИМРО ЁФТАНД

Дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди ҷустуҷӯи тӯлонӣ ҷасадҳои ду қурбонии охирини тармаи марговареро, ки субҳи 15 феврали соли 2023 болои маҳаллаи Носири Хусрав (собиқ Шошхоруғ) фурӯ рехт, пайдо карданд. Ду духтари донишҷӯ аз ноҳияи Ишкошим рӯзи 15 феврал дар пайи зери тарма мондани манзили иҷораашон беномунишон шуда буданд.

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҷасади яке аз ин духтаронро шоми 17 феврал ва ҷасади духтари дуюмро рӯзи 18 феврал, алакай се рӯз баъди он тармаи маргбор пайдо карданд.

“Ҳарду духтар донишҷӯёни донишгоҳ буданд ва дар хонаҳое, ки зери тарма монданд, зиндагӣ мекарданд”, –  хабар додаанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Ба ин тартиб, шумораи умумии ҳалокшудагаон бар асари тармаи субҳи 15 феврал дар Хоруғ ба 15 нафар расид. Ин офати табиӣ ҳамчунин 12 нафарро захмӣ ба ҷо гузошт.

Шумораи умумии ҳалокшудашон бар асари тармаҳои рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон ба 19 нафар расид. 18 тани онҳо  – 15 нафар дар Хоруғ, ду сокини деҳаҳои Садвадг ва Хаспо дар ноҳияи Ванҷ ва як ронанда дар роҳи Душанбе – Хуҷанд – рӯзи 15 феврал қурбони тарма шуда, як духтари 16-сола аз деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон рӯзи 16 феврал дар зери тарма ҷон бохт.

Тайи ду рӯзи охири 16 ва 17 феврал дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳолати фурӯ рехтани тармаву ярч ва омадани сел сабт шудааст. Ҳавошиносон мегӯянд, тохтутози обу ҳавои бад дар кишвар чанд рӯзи дигар давом мекунад ва хатари фурӯ рехтани тармаҳо дар кӯҳистони ҷумҳурӣ камаш то 21 феврал боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button