ВидеоҲодиса

БОЗ 24 ТАРМАЮ 6 ЯРЧ ВА 5 СЕЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. ТАРМАҲО РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНДРО ВАЙРОНУ ВАЛАНГОР КАРДААНД (2 ВИДЕО)

Тохтутози обу ҳавои номусоид дар Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи гузаштаи 17 феврали соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ 24 тарма, 6 ярч ва 5 селу обхезӣ рух додааст.  

Бадахшон

Шаби 17 феврал, соати 21:11, дар километри 352-юми шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз-Хоруғ, дар назди деҳаи Умараки ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз сел омад. Ҳамчунин соати 22:10, дар километри 347-уми ин роҳ дар назди деҳаи Зинги ҷамоати Қалъаи Хумб сел омад. Дар натиҷа роҳ баста шуд. Тоза кардани роҳ аз оқибатҳои ин ду сел идома дорад.

Хатлон

Шаби 18 феврал, соати 02:30 дар километрҳои 224, 227, 235 ва 237-уми роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, дар ҳудуди ҷамоати ба номи Нуридин Маҳмудови ноҳияи Ш.Шоҳин чандин ярч фурӯ омад. Бврои рафъи оқибатҳои офати табиӣ 4 техникаи махсуси вазорати нақлиёт ҷалб карда шудааст.

Шаби 18 феврал, соати 02:45 дар километри 21-уми роҳи Восеъ-Ховалинг, дар наздикии мавзеи Учқули ноҳияи Восеъ низ ярч омад. Рафъи оқибатҳои он низ идома дорад.

Ноҳияҳои тобеи марказ

Шаби 17 феврал, соати 21:05 дар километри 196-уми роҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш, дар ҳудуди ҷамоати Қалъаи Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод сел омад. Соати 22:20 роҳро қисман тоза карданд ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

17 феврал, аз соати 08:10 то 21:10,  дар километрҳои 47, 56, 57, 58, 59, 65 (такроран),  66, 68,5 69, 70, 71 ва 72-юми роҳи Душанбе- Хуҷанд тармаҳои зиёде фурӯ рехт ва идомаи боришот ва фурӯрезии тармаҳо сабаби баста шудани ин роҳ шуд.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, то 21 феврали соли 2023 дар  роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд, Нуробод-Рашт-Сангвор ва  ғарби ВМКБ, роҳҳои Душанбе-Дарвоз, Дарвоз-Ванҷ, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ҷилондӣ, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тарма баланд боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин балел аз кулли сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо бештар эҳтиёт кунанд ва ба минтақаҳои тармахез сафар накунанд. Аз роҳандозии ҳар гуна корҳои дигар, аз ҷумла ғунучини ҳезум, шикор, моҳидорӣ  низ худдорӣ намоянд. Аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми сафар дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳистон ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Дар ҳамин ҳол, ширкатии IRS хабар дод, ки то нимарӯзи 18 феврали соли 2023 шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ҳамчунон баста боқӣ мемонад. Ин ширкат бо нашри як видео хабар дод, ки тармаҳои ахир бархе қисматҳои ин шоҳроҳи аз лиҳози стратегӣ хеле муҳим ва ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистонро вайрону валангор кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button