ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БОЗОРИ НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗ БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 18 феврали соли 2023, соати 03:00, дар маркази савдои ҶДММ «Фархундаи-Шуҳрат» воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки ба Сиярова Ойҷон, соли таваллудаш 1954, сокини деҳаи Имом Машраби ноҳияи мазкур мансуб мебошад, сӯхтор ба амал омад.

ВКД гуфт, фавран ба ҷойи ҳодиса 7 мошини оташнишонӣ ва 83 сӯхторнишон сафарбар карда шуданд. Ба иттилои ВКД, алангаи оташ дар масоҳати 240 метри мураббаъ 13 нуқтаи хизматрасониро фаро гирифта буд. Сӯхтор дар соати 04:28 фурӯкаш гардида, соати 04:45 пурра хомӯш карда шуд.

ВКД гуфт, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар симчӯб мебошад. . Вале ин фарзия дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон чандин вақт боз лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ карда шудааст ва дар аксари манотиқи кишвар аз соати 20:30 то расидани субҳ барқ нест.
Дар иттилоия гуфта мешавад, ки молу маҳсулот тақрибан ба маблағи 30 миллион сомонӣ аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд.
Таҳқиқи ин ҳодисаи сӯхтор аз тарафи гурӯҳи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ ва дигар мақомоти дахлдор идома дорад.

Шамсулло Фозилов, хабарнигори зодаи ноҳияи Панҷ низ бо нашри чанд акс аз маҳалли ҳодиса дар Фейсбук аз қавли шоҳидонхабар дод, ки сӯхтори шаби гузашта дар бозори марказии ин ноҳия беш аз 15 дӯкони молу маҳсулоти соҳибкорон ва 2 мағозаи калони дуошёна пурра сӯхта хокистар гаштааст.

Шамсулло Фозилов хотиррасон кард, ки ду сол қабл, шаби 2-юми январи соли 2021 ҳам дӯконҳои соҳибкорон дар ҳамин бозор оташ гирифта буд. Он замон  таҳқиқот маълум кард, ки як сокини ноҳия аз рашк дӯкони ҳамсарашро оташ задааст, ки дар натиҷа 14 дӯкон ба толори додгоҳ суд озод карда шуд. Дӯкондорони боқимонда ӯро бахшиданд ва даъво накарданд.

Аксҳо аз саҳифаи Шамсулло Фозилов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button