ҲОҶИБИБИИ ТОҶИКРО РӮЗИ ҶУМЪА ДАР МАККА НАМОЗИ ҶАНОЗА КАРДАНД

Савринисо Мирзоевая, сокини кӯчаи Хоруғи шаҳри Душанбе, ки ҳамроҳи писараш Нуралӣ ва духтараш Меҳринисо дар Ҳаҷҷи умра қарор дошт, субҳи 17 феврали соли 2023 дар бемористони Малик Абдулазизи шаҳри Макка аз олам чашм пӯшид. Дар рӯзи ҷумъа ва дар арафаи шаби Меъроҷ!
Ба гуфтаи наздиконаш, Савринисо Мирзоева, ки агар умр вафояш мекард, 8 марти соли ҷорӣ ба синни 75 мерасид, аз бемории қанд азият мекашид.
Ҳоҷибибӣ Савринисо Мирзоева ҳамроҳи фарзандонаш ҳанӯз моҳи январ азми зиёрати Хонаи Худо карда буд, вале дар ҷараёни зиёрат хуруҷи бемории қанд ӯро аз пой афканд ва беморхона афтоду ба ин далел, ба Ватан баргашта натавонист.
Наздиконаш ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки маросими намози ҷанозаи Савринисо Мирзоева баъди намози ҷумъа дар Макка доир мешавад.
Арабистони Саудӣ баъди ду соли маҳдуд кардани сафари Ҳаҷ ба далели пандемяи коронавирус дар соли 2022 ба зоирони хориҷӣ имкони сафари Ҳаҷро дигарбора фароҳам овард ва ахиран тақрибан ҳамаи маҳдудиятҳои ба сабаби коронавирус ҷорикардаашро аз байн бардошт.
Ин боиси дигарбора ба Маккаву Мадина сарозер шудани фавҷҳои бузурги зоироне шуд, ки ба нияти анҷоми Ҳаҷҷи умра азми сафари Арабистони Саудӣ мекунанд.
Дар моҳҳои охирин ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои анҷоми Ҳаҷҷи Умра ба Маккаю Мадина сафар карданд. Қисме аз онҳо тавассути ширкатҳои ватанӣ, қисме аз тариқи Ӯзбекистону қисме тавассути Русия ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд.
Дар ҳоле ки қимати сафар ба Ҳаҷҷи умра тавассути ширкатҳои ватанӣ аз 2 ҳазор доллар бештар аст, айни сафар аз Ӯзбекистон ё Русия барои зоирон аз 1300 то 1400 доллар тамом мешавад.