ВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ МАРДЕ, КИ 23 СОЛ ҚАБЛ ҚАТЛИ ҲАМСАРАШРО ФАРМОИШ ДОДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 17 феврали соли 2023 аз ошкор ва дастгир шудани як фармоишгари куштори 23 соли пеш хабар дод.  Маълум шуд, ки фармоишгар … шавҳари ҳамон зан буда, барои қатли ӯ ба се қотил 1000 доллар додааст.

ВКД мегӯяд, ҳеҷ як ҷинояткоре, ки даст ба куштор задааст ва солҳо он паси парда мондааст, беҷавоб намемонад ва ҳатман дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳамин тавр, рӯзи 15-уми феврали соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ноҳияи Синои пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
ВКД гуфт, ин мард 12-уми феврали соли 2000, тахминан соати 21:00, куштори собиқ ҳамсараш зани ҳамон замон 25-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро фармоиш додааст.
“Дар рафти тафтишот номбурда бо пуррагӣ иқрор шудааст, ки барои аз ҳаёт маҳрум сохтани собиқ ҳамсараш, ба маҳкумшудагон мардони 48, 46 ва 47-солаи сокинони ноҳияҳои Сино, Данғара ва шаҳри Норак, ки айни замон дар маҳбас адои ҷазо намуда истодаанд, як ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун мукофотпулӣ додааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.
Дар бораи сабабҳои қатли ҳамсарашро фармоиш додани ин нафар чизе гуфта нашудааст. Нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 36 қисми 3 ва 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  Ба ӯ аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, аз ҷумла ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштор ё қасди куштори ҳамсарон аз дасти шавҳарон, тавре аз натиҷаҳои тафтишот бармеояд, асосан дар заминаи рашк сурат мегиранд.

Танҳо аз аввали моҳи феврал ВКД  дар бораи дастикам се мавриди куштор ё қасди куштани ҳамсарон аз сӯи шавҳарони бадрашк хабар медиҳад.

Аз ҷумла қаблан гузориш шуда буд, ки шаби 9-уми феврали соли 2023, тахминан соати 23:30, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Истаравшан ба ҳавлии истиқоматии волидайни ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ҳиссиёти рашк бо корд 3-4 маротиба ба аъзои бадани ӯ ва 1 маротиба ба бадани додарарӯси хурдсолаш задааст. Кӯдаки бечора, ки ҳамагӣ 8 сол дошт, аз қазо ҳамон шаб дар паҳлӯи апааш хоб рафтааст. Дар натиҷаи ҳамла ҳарду ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ҳамчунин тахминан соати сеюними шаби 6-уми феврали соли 2023, як  марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ ҳамсараш зани 53-соларо бо дастонаш бӯғӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Ҳамчунин кормандони милитсия як сокини 35-солаи ноҳияи Данғараро бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карданд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ин сокини Данғара рӯзи  31-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:00, аз бозори “Ганҷина”-и шаҳри Душанбе як корд харида, ба ноҳияи Данғара рафтааст. Тахминан соати 18:00 ӯ ба ноҳияи Данғара расида, дар як нуқтаи фурӯши машрубот 200 грамм нӯшокии коняк нӯшида, сипас дар ҳолати мастӣ ба хонаи волидайни ҳамсараш, зани 30-солаи ноҳияи мазкур рафтааст ва  бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ, бо корди бо худ овардааш 11 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст. Да натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button