ВидеоМуҳоҷирон

БАҲСИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ЯК ДУХТАР ДАР ПЕТЕРБУРГ БО КУШТОР АНҶОМ ЁФТ

Як ҷавони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иттиҳоми куштани ҳамватанаш дастгир шуд. Кормандони пулиси ноҳияи Фрунзе субҳи барвақти 17 феврали соли 2023, тақрибан соати 5, шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро  ҳамагӣ чанд соат баъди кушта шудани як муҳоҷири тоҷики 24-сола дар гӯшаи дигари шаҳр, дар кӯчаи Торжок дастгир карданд. Бино ба иттилои нашрияи маҳаллии “Фонтанка”, ҳангоми боздошт аз ин ҷавони тоҷик корд, ки ӯ ҳамчун васила барои куштани ҳамватанаш  истифода бурда буд, дарёфт ва мусодира кардаанд.

Худи дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале пулис мегӯяд, ин ҷавони тоҷик шаби 16 феврал, тақрибан соати 20:30,  бо корд мусаллаҳ шуда, ба назди ҷавони тоҷики 24-сола ба ҷои кори ӯ, як анбор дар кӯчаи Салова, № 36, Б омадааст. “Фонтанка” менависад, байни ду ҷавон бар сари як духтар, ки ҳарду ӯро дӯст медоштаанд, баҳси сахт бархостааст ва ҷавони меҳмон коргари он анборро бо чанд зарбаи корд ба қисмати қафаси синааш зада, куштааст ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Алакай соати 20:37 аз ин анбор ба пулис дар бораи куштор дар ин суроға хабар додаанд ва кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҷасади ҷавони тоҷикро бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва захмҳои корд дар қисмати қафаси синаашро пайдо кардаанд.

Дар ин анбор видеокамераҳои назоратӣ насб нашуда буд, вале ба пулис муяссар шудааст, ки далелҳои дигари зиёде, аз ҷумла изи дасту по,, ҳамчунин як шими кабуд, футболка ва як пироҳани дастбофтро дарёфт кунанд.

Ангушти иттиҳом билофосила сӯи зодаи дигари Тоҷикистон баланд шуд ва ин ҷавони  25-соларо таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, алакай баъди чанд соат дастгир карданд.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштори барқасдона парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ҷавони дастгиршуда бар асоси ин банди қонун аз 6 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои мухталиф то 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору зист ва садамаҳову бемориҳо аз иллатҳои асосии маргумири муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд. Вале ҳар сол дар ин мулки ғурбат даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон бо марги маҷбурӣ тарки дунё мекунанд. Чандин нафари онҳо, мутаассифона, бо дасти ҳамватанҳои худашон кушта мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button