ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ВИДЕОИ РИҚҚАТОВАРИ НАҶОТИ ДУ КӮДАК АЗ ЗЕРИ ТАРМА ДАР ХОРУҒ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабтҳои риққатовари лаҳзаҳои наҷоти ҷони ду тифл: як духтарча ва як писарчаи хурдсол аз зери тарма нашр шуд.  Ин ду тифли маъсум чанд соат дар асорати барф қарор доштанд ва шукри Худо, зинда монданд.

Дар сабт дида мешавад, ки наҷотдиҳандагон ва сокинони маҳаллӣ қабати барфро бо эҳтиёт канда, як кӯдакро пайдо мекунанд ва вақте ки мефаҳманд, ки ӯ зинда асту нафас мекашад, бо эҳтиёт ӯро аз банди барф озод мекунанд ва ҳамчунон бо эҳтиёт ба дасти табибон месупоранд.

Дар сабти дигар дида мешавад, ки як духтарчаро аз зери тарма зинда берун кашидаанд ва табибону наҷотдиҳандагон  ба хотири барқарор кардани кори дилу роҳҳои нафасаш сари дили ӯро масҳ (массаж) мекунанд ва мардум бо ҳар задани қалби ин кӯдак баробари табибон фарёд мекашанд: “Як, ду, се… 29, 30…”

Субҳи 15 феврали соли 2023 як тармаи азиму марговар болои маҳаллаи Носири Хусрав (собиқ Шошхоруғ) фурӯ рехт.  Бар асари ин офати табиӣ 22 хонаи истиқоматии сокинон зарар дида, аз ин шумор 4 хона пурра ва 18 хона қисман хароб гардиданд. Бинои консулгарии Афғонистон ва ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ низ зери ғарами барф монд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки то соати 14  тавонистаанд 9 нафарро аз зери тарма наҷот диҳанд. Вале, мутаассифона, дастикам 8 нафар, аз ҷумла 4 зан ва 2 кӯдак: писар ва духтари чорсола ба ҳалокат расиданд.

ВКД аз интиқоли 12 нафар аз зарардидагони тармаи Хоруғ ба бемористон хабар дод ва гуфт,  вазъи ду нафари онҳо вазнин аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як иқдоми қариб бесобиқа дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият кардааст.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шахсони масъули ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.

Аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор шудаанд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддии ҳукуматро, аз қабили маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд.

Хадамоти матбуоти президент таъкид кард, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати шахсии Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Рӯзи 15 феврал  бар асари фурӯ рехтани тарма як сокини Техарви ноҳияи Ванҷ ва ҳамчунин як ронанда дар роҳи Душанбе –Варзоб  ҷон бохта, оҳи Душанбе Хуҷанд дар пайи боришоти шадиди барф пурра баста шуд. Бино ба иттилои КҲФ, ҳолати фавқулода дар роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб низ боқӣ мемонад. Ин роҳ ба сабаби омадани тармаи зиёд дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон баста мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button