АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ВАЗИРИ “ТОЛИБОН” МЕГӮЯД, ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН ЯГОН ҶАНГҶӮИ ДОИШ НЕСТ

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати худхондаи “Толибон”, иддаои созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дар мавриди ҳузури 4 ҳазор ҷангҷӯи шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи терористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро рад кард.

Муттақӣ, ки 15 феврали соли 2023  дар гирдиҳамоии роҳбарони “Толибон” барои таҷлил аз 34-мин солгарди хурӯҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар Кобул сӯҳбат мекард, гуфт:  Ҳамсояҳои шимолии мо нишасте доштаанд ва дар он эълон шуда, ки дар шимоли Афғонистон ҳазорҳо “ДОИШ”-ӣ ҷамъ шудаанд ва ин барои мо хатар аст. Мо ба онҳо ин мавзӯъро возеҳ мегӯем, ки агар дар Афғонистон як “ДОИШ”-ӣ сар баланд кунад, саркӯб мешавад. Ин чӣ маъние дорад, ки ҳазорҳо нафар дар як ҷое ҷамъ шудаанд ва на касе онро мебинад ва на касе аз он хабар дорад? Ҳар касе метавонад, биёяд, бубинад ва бо мо музокира ва муфоҳима кунад, вале иттиҳом ворид накунад ва ин миллати бечора ва ҷангзадаро таҳдид накунад”.

Рӯзи 14-уми феврали соли 2023 сардори ситоди муштараки ОДКБ генерал Анатолий Сидоров  дар нишасти хабарии худ гуфта буд, ки “шумори ҷангҷӯёни шохаи “Вилояти Хуросон”-и гурӯҳи терористии “ДОИШ” дар Афғонистон ба ҳудуди 6500 нафар расидааст ва аз ин миён ҳудуди 4000 узви ДОИШ дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, дар вилоятҳои Бадахшон, Қандаҳор, ва Тахор ҷо ба ҷо шудаанд”.

Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки “агар таҳдиде аз Афғонистон алайҳи Тоҷикистон сурат бигирад, нерӯҳои ОДКБ дар зарфи 12 соат ба он посух хоҳанд дод”.

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал изҳороти генерал Анатолий Сидоров дар робита ба ҳузури ҷангиёни “ДОИШ” дар марзи Афғонистону Тоҷикистон шарҳ дода гуфт, нирӯҳои Тоҷикистон барои рафъи ҳама намуд таҳдид омодаанд: “Яке аз вазифаҳои муҳими зерсохторҳои мо ҳамроҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти қудратии масъул, таъмини бехатарӣ дар марз аст. Мо ҳамеша тайёр ҳастем, ки дар чунин ҳолатҳо амал кунем”.

Шохаи “Вилояти Хуросон”-и “ДОИШ”  моҳи январи соли 2015 аз ташкили худ хабар дода буд ва ба зидди нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ва нирӯҳои ҳукумати пешини Афғонистон ҷудоа аз “Толибон” мубориза мебурд ва ҷангҷӯёнаш ҳатто чанд дафъа бо “Толибон” даргир ҳам шуда буданд. Вале дар охирҳои соли 2019  ҳукумати пешини Афғонистон якҷо бо нерӯҳои эътилоф хабар доданд, ки “ин гурӯҳ зимни амалиётҳои зиддитеррористӣ садҳо ҷангҷӯи худро аз даст дода, дар ҳолати аз байн рафтан аст”.

Аммо тавре ба назар мерасад, бо онки “Толибон” ба сари қудрати сиёсӣ омаданд ва борҳо гуфтанд, ки сулҳро дар кишвар ҳукмфармо намуданд, шохаи “Хуросон”-и “ДОИШ” дар як соли охир дар чандин шаҳрҳои Афғонистон, бо шумули пойтахти ин кишвар, шаҳри Кобул як силсила ҳамлаҳои террористии хунинро анҷом дод.

Гузашта аз ин ДОИШ пас аз ба қудрат расидани”Толибон”  то ҳол масъулияти чанд ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ба қаламрави Тоҷикистонро ба дӯш гирифт ва ҳамзамон  талош мекард, то аз ҳузури худ дар манотиқи ҳаммарз бо кишварҳои Осиё миёна хабар диҳад.

Вале, “Толибон” таъкид бар он мекунанд, ки бо “ДОИШ” қотеона бархӯрд доранд ва аъзои ин гурӯҳро дар ҳама ҷои Афғонистон  ба муҷарради сар боло карданашон саркӯб мекунанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button