ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

“ОПЕЛ” БА 100 МЕТР ҶАРӢ ЧАПА ШУД: ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР КӮШОНИЁН ВА НОРАК

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи гузашта дар ду садама дар ҷануби Тоҷикистон ду нафар, аз ҷумла як кӯдаки нӯҳсола ба ҳалокат расиданд.

Аз ҷумла 14-уми феврали соли 2023, тахминан соати 16:50, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Боҳтурхони Зайнулло, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Ҳазратқулов Самандар Шодмонович, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.Дар натиҷа, ноболиғ Ҳазратқулов С.Ш. ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.
Шаби 15-уми феврали 2023, тахминан соати 01:15, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳмонов Мансур Бозорович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Норак ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва мошини ӯ ба қисми чапи роҳ баромада, ба чуқурии тахминан 100 метр чапа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина Сафарова Анзурат Хайриддиновна, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расидато  1200 кас маъюб мешаванд. Даҳҳо нафар аз қурбониёни ин садамаҳо, мутаассифона, кӯдаконанд.

Бино ба охирин омори ВКД, дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ бар асари 1096 садамаи нақлиётӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 197 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтаанд.



Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button