ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ШУМОРИ ҚУРБОНИЁНИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТУРКИЯВУ СУРИЯ БА 41 ҲАЗОР РАСИД (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти охирин, шумори ҳалокшудагон бар асари заминларзаҳои харобиовар ва пурқурбонии рӯзи 6 феврали соли 2023 дар Туркияву Сурия аз 41 ҳазор нафар гузашт. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳанӯз шоми 14 феврал хабар дод, ки бар асари офатҳои табиӣ дар Туркия 35 ҳазору 413 нафар ҷон бохтаанд. Охирин маълумоти расида дар бораи қурбониён аз Сурия низ аз шоми 14феврал аст, ки ҳалокати дастикам 5800 нафарро дар ин кишвари солҳо боз ҷангзада  ва инак боз офатзада тасдиқ мекунад.

Бо гузашти ҳар рӯз умеди зинда пайдо кардани одамон аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрафта камтару камтар мешавад. Вале мавридҳои мӯъҷизаосои наҷоти одамони зинда то ҳол рух медиҳанд. Рӯзи 13 феврал дар ҷануби Туркия 8 нафарро зинда пайдо карданд. Субҳи 14 феврал  наҷотбахшон боз 3 нафари дигар, аз ҷумла ду бародарро, ки тақрибан 200 соат дар зери вайронаи бино қарор доштанд, зинда берун овардаанд.

Заминларзаҳои ахир  бо беш аз 41 ҳазор қурборниаш пурқурбонитарин офати табиӣ дар Туркияву Сурия аз соли 1939 ба ин тараф дониста мешаванд. Ин дар ҳолест, ки шумори қурбониёни ин офатҳо метавонад боз ҳам биафзояд, чунки садҳо нафари дигар ҳамчунон беномунишон боқӣ мемонанд.

Аз рӯзи 9 феврал дар шаҳри офатзадаи Қаҳрамонмаръаш дар ҷануби Туркия як гуруҳи иборат аз 50 наҷотдиҳанда ва табиб аз Тоҷикистон низ дар амалиётҳои ҷустуҷӯ ва наҷот иштирок дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 15 феврали соли 2023 хабар дод, ки тайи  рӯзи гузашта наҷотдиҳандагони тоҷик дар Қаҳрамонмаръаш аз зери харобаҳо боз 26 ҷасади қурбониёни заминларзаи ахирро берун оварданд. Аз оғози ширкат дар амалиёти наҷот ва рафъи паёмадҳои зилзилаи Туркия зинда харобаҳо наҷот доданд, ки ду нафари онҳо тифлони яке шашмоҳа ва дуюмӣ cесола буданд.

Дар иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагони КҲФ тақрибан шабонарӯзӣ кор мекунанд, чунки вақт қиммат аст. “Ҳарчанд эҳтимоли зиндамондагон дар зери харобаҳо кам аст, вале умедҳо зиндаанду бояд ҷуст ва бояд талоши бештар кард”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button