Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ҚУРБОНИ ҚАРТАБОЗ БАРОИ БОЗИИ “АЛИК-МАЛИК” ДАР НАЗДИ ЗООПАРКИ ДУШАНБЕ (2 АКС)

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе  рӯзи 15 феврали соли 2023 хабар дод, ки як сокини 35-солаи пеш низ зиндонишудаи шаҳри Кӯлобро барои фиреби мардум тавассути бозии қимори “алик-малик” ва бо қарори додгоҳ ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Бино ба иттилоияи расмӣ, кормандони милитсияи пойтахт, шаҳрванд Кӯлобиев Қурбон Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 25.08.1988, истиқоматкунандаи кӯчаи С.Айнии шаҳри Кӯлобро, ки қаблан бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор зиндонӣ шудааст, ин дафъа барои машғул шудан ба қиморбозӣ, ба истилоҳи мардумӣ “алик-малик” дастгир кардаанд.

“Номбурда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба воситаи қарта ба бозии мардумфиребонаи қиморбозӣ машғул гардида, бо ин роҳ маблағҳои шаҳрвандонро аз худ мекардааст.  Аз ҷумла, санаи 11-уми феврали соли ҷорӣ, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ назди «Боғи ҳайвонот» ҳангоми машғули ин бозӣ будан, дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Душанбе.

Нисбат ба шаҳрванд Кӯлобиев Қурбон вобаста ба ин ҳолат протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Сино ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.
Дар вақтҳои охир милитсияи Душанбе алакай дар бораи боздошти чандин нафар барои фиреби мардум тавассути бозиии қимори  “алик-малик”  хабар медиҳад.  Милитсияи пойтахт менависад, мутаассифона, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ, боз ҳастанд нафароне, ки дидаву дониста ба доми чунин афроди мардумфиреб афтода, маблағҳои худро аз даст медиҳанд. Вобаста ба ин РВКД Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хост, бо мақсади пешгирии ин омили номатлуб худро бетараф нагиранд ва чунин ҳолатҳро  мардумфиребиро аксу навор гирифта, ба мақомоти милитсия ирсол кунанд.

https://www.facebook.com/groups/httpdushanbepolice.tj/posts/571024514934704/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор Ҳамадонӣ гуяд:

    Ба назари банда, халқи бекори тоҷикистонро бояд ба ҷойи кори доимӣ таъмин кунем. Вазифаи давлату ҳукумат тавлиди ҷойи кор барои инсон ва шаҳрванд аст. Вазорати меҳнат стратегияи бардавому доманадори касбу кор, меҳнат ва шуғли аҳолиро тарҳрезӣ ва пешниҳод кунад. Бо ин роҳ мо метавонем пеши роҳи терроризмро ҳам бигирем, ҷинояту ҷинояткориро ҳам решакан кунем, кулли аҳолиро саргарми кору зиндагӣ кунем, буҷаи давлат ва иқтисодро тараққӣ диҳем, фирори мағзҳоро хотима диҳем, ҳаёти орому осуда дошта бошем, саодати дунёву охиратро ҳам дошта бошем. Камбуди шуғли асосӣ, ҷойи кори семоҳа, маоши басандаи роҳкиро, гурӯҳ-гурӯҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ва ғайра раванди ба даст овардани ризқу рӯзӣ аз роҳи ғайри машрӯъро дар ҷомеа пиёдатар мекунад. Дар ин 31-соли истиқлол агар аз ҷашни наврӯзу ҷашни садда бештар ба шуғли аҳолӣ аҳамият дода мешуд, имрӯз аз россия ба тоҷикистон корҷӯӣ меомаданд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button