ВарзишВидеоҶанг дар Украина

ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ ФУТБОЛБОЗОНИ РУСИЯ ВА УКРАИНА ДАР ТУРКИЯ (ВИДЕО)

Дар меҳмонхонаи Royal Seginus, ки дар наздикии шаҳри Анталияи Туркия ҷойгир аст, байни футболбозони Русия ва Украина занозании гурӯҳӣ рух додааст. Ҷараёни ин занозанӣ ва ҳамин тавр, сабабҳояшро ҳар ду ҷониб ба ду гунаи комилан аз ҳам мутафовит шарҳ медиҳанд.

 Бино ба навиштаи Телеграм-канали  русии “База”,  “бегоҳирӯзии 13-уми феврали соли 2023 футболбозони бошгоҳи “Минай”-и Украина аз роҳбарияти бошгоҳи “Шинник” аз шаҳри Ярославли Русия талаб кардаанд, ки  суруди миллии Украинаро бихонад. Аммо ӯ дар ҷавоб хостааст, ки “ба кӯча  бароянд ва масъаларо як ба як дар берун ҳал кунанд””.

Вале баъдан ҳамин манбаъ дубора хабар дод, ки “занозанӣ пас аз он рух додааст, ки бозингарони украинӣ аз футболбозони Русия пурсиданд, ки “чаро онҳо бар зидди низоми Путин даст ба тазоҳурот намезананд?”.

Аммо, дар ҳамин ҳол расонаҳои украинӣ менависанд, ки занозанӣ пас аз он шурӯъ шуд, ки яке аз бозингарон аз Русия, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, нисбат ба корманди меҳмонхона дағалӣ ва беҳурматӣ кардааст. Ин саҳнаро футболбозон аз Украина дида, аз ӯ эрод гирифтаанд ва хостаанд то ӯ аз корманди меҳмонхона узр бипурсад. Вале гӯё дар ҷавоб бозингари рус ин хоҳиши онҳоро рад намудааст. Ин рафтори ӯ хашми яке аз футболбозони украиниро овардааст ва ӯ чанд шаллоқе бозингари русро задааст. Дар ин ҳангом дигар аъзои ду даста ба кӯмаки ҳамдастагони худ шитофтаанд, ки сабаби занозании гурӯҳӣ гардидааст. 

 Гуфта мешавад дар натиҷа занозанӣ 4 тан аз футболбозони дастаи “Шинник”-и Русия  ҷароҳат бардоштаанд. Пас аз ҳозир шудани  пулис занозанӣ хотима ёфта ва маҷрӯҳонро ба бемористон интиқол додаанд. 

Мудири кулли бошгоҳи “Шинник” Сергей Кулаков ба сомонаи  “Чемпионат” тасдиқ кардааст, ки воқеан занозании гурӯҳӣ байни бозингарони ӯ ва ҳамтоёни украиниашон рух додааст, вале то кадом андоза ҷароҳат бардоштани футболбозони худро шарҳ надодааст. То ҳол рӯшан нест, ки нафарони ҷароҳатбардошта дар бозии навбатӣ иштирок карда метавонад ва ё на?

“База” бо такя ба манбаи худ хабар медиҳад, ки “гӯё  яке аз аъзои тими  украинӣ ба роҳбарияти бошгоҳи русӣ  гуфтааст, ки беҳтараш футболбозон рус меҳмонхонаро тарк кунанд, вагарна онҳоро боз як ҷанҷоли нав мунтазир аст”.

Занозании байни футболбозон аз Украина ва Русия дар ҳолест, ки байни ин ду кишвар қариб як сол боз ҷангҳои густарда идома доранд. Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс ба хоки Украина ҳамла кард ва як қисмат аз қаламрави ин кишварро ишғол кард. Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро низ ғасб карда, бо кумаки ҷудоиталабони зери ҳимояташ қисматҳое аз вилоятҳои Донетску Луҳанскро низ аз зери итоати Киев берун карда буд. Ҳоло ин ду вилоят ва ҳамчунин вилоятҳои Херсону Запорожеро Русия ба қаламрави худ ҳамроҳ кардааст.

Украина ва муттаҳидони ғарбиаш аз Русия талаб доранд, ки нирӯҳояшро аз хоки Украина берун кашида, якпорчагии ин кишварро эҳтиром гузорад ва ҳама қаламравҳои ишғолкардаашро бидуни қайду шарт ба Киев баргардонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Профессор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Заминаҳои суқути россия марҳила ба марҳила ташаккул ёфта истодааст. Россияи коммунистӣ ба ҷаҳониён 70-сол истибдоду диктатура ва саркӯбро омӯзонд: Кореяи Шимолӣ, Чин, Куба ва ҷамоҳири шӯравии собиқ таъми талхи диктатураро аз наздик чашиданд. Россияи имрӯза на давлат аст, на федератсия, на империя, на подшоҳӣ, россия ин як хонигарии мофиёӣ (мафиозный) ва диктатураи мутлақ, нест бод чунин хонигарӣ, нест бод мафия, бандитизм, рашизм, натсизм, фашизм…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button