ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ҚИРҒИЗИСТОН АЛМОСБЕК АҲТАМБОЕВ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД (ВИДЕО)

Президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Аҳтамбоев (Алмазбек Атамбаев) рӯзи 14 феврали соли 2023 аз маҳбас озод шуд.  Аҳтамбоевро, ки аз моҳи августи соли 2019, сеюним сол боз дар паси панҷара қарор дошт, дар назди дарвозаи маҳбаси №27 дар деҳаи Молдовановка дар канори Бишкек  ҷамъи бузурге аз наздикону тарафдоронаш ва журналистон истиқбол гирифтанд. Аҳтамбоев гуфт, ки баъди озод шуданаш аз маҳбас барои табобат ба хориҷи кишвар меравад.

Рӯзи 13 феврал Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми Аҳтамбоев дар парвандаи ғайриқонунӣ аз маҳбас озод кардани яке аз чеҳраҳои машҳури олами ҷиноӣ Азиз Батукаеви чеченитаборро бекор кард ва  ин парвандаро барои баррасии дубора пас гардонд. Аҳтамбоев барои иҷозат додан ба раҳоии Батукаев ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Адвокатҳои Аҳтамбоев қарори додгоҳро шарҳ надодаанд, вале ба дасти журналистон матни қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек расид, ки он ба Аҳтамбоев барои табобат ба хориҷи кишвар сафар карданро иҷозат медиҳад.

Алмосбек Аҳтамбоев, ки аз соли 2011 то 2018 президенти Қирғизистон буд ва бар хилофи хоҳиши роҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин, аз мубориза барои давраи дуюми президентӣ даст кашид, як сол баъди аз мақом рафтанаш, дар моҳи августи соли 2019 дар пайи як амалиёти махсус ва чанд рӯз муҳосира кардани ҳавлиаш дар канори шаҳри Бишкек дастгир гардид.

Дар ҷараёни эътирозҳои моҳи октябри соли 2020, ки боиси сарнагун шудани ҳукумати президенти вақти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков шуд, тарафдоронаш Аҳтамбоевро аз маҳбас озод карданд. Вале дар ҳоле ки Содир Ҷабборов, ки низ аз тарафи эътирозгарон озод карда шуд, ба курсии раҳбари аввали кишвар нишаст, Аҳтамбоевро баъди чанд рӯз дубора ба зиндон андохтанд.

Ба ӯ ваъда дода буданд, ки акнун додгоҳ парвандаҳояшро одилона баррасӣ мекунад ва ба зудӣ қонунан ба озодӣ хоҳад баромад. Аммо раҳоии Аҳтамбоев баъди он беш аз ду соли дигар тӯл кашид.

Маълум нест, ки ҳоло озодии президенти собиқи Қирғизистон бо мусоидати кӣ ва таҳти кадом шарту шароит сурат гирифтааст? Вале бино ба иттилои дарёфтӣ, президенти Русия Владимир Путин, ки бо Аҳтамбоев муносибати наздики дӯстона дошт, аз ҳабси ӯ шадидан норозӣ буд ва инро чандин бор ба рӯи президенти қаблии Қирғизистон Жээнбеков кашида буд.

Тарафдорони Аҳтамбоев низ аз мақомот талаб доштанд, ки ӯро озод кунанд, чунки ӯ ба табобати оҷил ниёз дорад.  Наздиконаш мегуфтанд, ки ӯро барои табобат ба Русия даъват кардаанд. Аммо ҳанӯз равшан нест, ки ӯ оё ба Русия хоҳад рафт ё ҷои дигар? Агар ба Русия биравад, ин метавонад фарзияи “дасти Путин” дар раҳоии Отамбоевро рӯшантар кунад.

Бисёриҳои парвандаҳои зидди Аҳтамбоевро сиёсӣ мешуморанд ва бар инанд, ки ҳадаф аз ин ҳама таъқибот аз саҳна танг кардани  ин шахсияти сиёсӣ буд.  Ба зидди ӯ дар маҷмӯъ 7 парванда кушода буданд, вале дар 3 парванда ӯро сафед карданд ва танҳо дар парвандаи Батукаев ба 11 соли зиндон маҳкумаш карданд.

Азиз Батукаеви чеченитабор, як шахсияти муътабар дар олами ҷиноиро, ки дар Қирғизистон зиндагӣ мекард,  мақомоти Қирғизистон ҳанӯз соли 2013 ба далели “хеле бад будани вазъи саломатиаш” аз маҳбас озод карданд ва ӯ билофосила баъди раҳоияш бо як ҳавопаймои махсус аз Бишкек ба Грозний, пойтахти Чеченистон парвоз карда, бо ҳамин аз назарҳо ғайб зад. Ду сол пеш Батукаевро дар як ҷамъомади саркардагони олами ҷиноӣ дар Юнон диданд ва ин дар ҳоле буд, ки мақомоти Қирғизистон ҳангоми озод карданаш мегуфтанд,  то поёни умри Батукаев ҳамагӣ як ё ду ҳафтаи дигар боқӣ мондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор Ҳамадонӣ гуяд:

    Озодии ҳар инсон аз зиндонро истиқбол мегирем. Дини мо дини эҳсон аст, дини озодист, паёмбар (с) бардаҳоро (ғуломонро) мехариду озод мекард. Рустам агар ҷонишин шудӣ, авфи зиндониёнро содир бикун, ба нафъи туст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button