АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲУШДОРИ ОДКБ: ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ТО 4 ҲАЗОР ҶАНГҶӮ ҶАМЪ ШУДААНД

Сардори ситоди муттаҳидаи ОДКБ генерал-полковник Анатолий Сидоров рӯзи 14 феврали соли 2023 дар нишасти хабариаш гуфт, шумори ҷангҷӯёни ба ном “Вилояти Хуросон”, бахши афғонистонии созмони террористии “Давлати исломӣ (ДОИШ)  то ҳудуди 6500 нафар афзуда, тақрибан 4 ҳазор ҷангҷӯ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон  ҷамъ шудаанд.

“Дар ҳоли ҳозир шумори ҷангҷӯёни “Вилояти Хуросон” наздики 6500 нафарро ташкил медиҳад, ки тақрибан 4 ҳазор онҳо дар марз бо Тоҷикистон, дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷамъ шудаанд “, – изҳор дошт сардори ситоди ОДКБ.

Бино ба иттилои ТАСС, Сидоров  гуфтааст, ки таҳдиди асосӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз тарафи гуруҳҳои ифроитен бармеояд, ки дар Афғонистон ҷои по пайдо кардаанд ва аз ҳама гуруҳҳои хатарнок, ба ақидаи ӯ, ДОИШ ва “Ал-Қоида” мебошанд.

Генерал Сидоров афзуд: “Ба ғайр аз ин,   сиёсати роҳбарони Толибон барои танг кардани ақалиятҳои миллию мазҳабӣ,  набуди иттиҳод ва афзоиши ихтилофот дар байни ҳаракати Толибон, бад шудани вазъи иқтисодӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти иҷтимоӣ низ аз омилҳоест, ки ба бесуботӣ дар минтақа мусоидат мекунанд”.

Сидоров ҳамчунин қочоқи маводи мухаддир ва силоҳро ҳамроҳ бо дигар омилҳои зикршуда аз аломатҳое номид, ки метавонанд хатари дар гирифтани ҷанги нави шаҳрвандиро дар Афғонистон  бештар кунанд.

Вақтҳои охир, тавре ба назар мерасад, лаҳни қаблан хеле нарми мақомоти Русия ва созмонҳои минтақавии таҳти назорати Кремл, аз ҷумла ОДКБ, нисбат ба ҳаракати Толибон, ки моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон дигарбора ба даст овард,  тағйир карда истодааст.

Чанд рӯз пеш сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев бо як лаҳни тунд Толибонро айбдор кард, ки аз замони бозгашташон ба қудрат ба ваъдаҳои додаи худ, аз ҷумла дар мавриди таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирӣ аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳам риояи ҳуқуқи озодиҳои мардум, ба вижа ҳуқуқи занон, амал накарданд ва аз ин ваъдаҳо то имрӯз ягонтоашро иҷро накарданд. Замир Кобулов, фиристодаи хоси президенти Русия Путин дар умури Афғонистон, ки қаблан ба сурати бепарда аз режими нави Толибон ҳимоят мекард, ахиран гуфтааст, ки сабри мардуми Афғонистон нисбат ба Толибон метавонад ба зудӣ ба поён бирасад.

Ҳафтаи гузашта дар Маскав нишасти вижаи марбут ба Афғонистон доир шуд ва Маскав ба ин нишаст намояндагони Толибонро даъват накард.

Аз ин пеш Маскав нисбат ба Толибон назари нисбатан мусбат дошт ва ҳатто мусоидат карда буд, то ки дипломатҳои аз ҷониби Толибон фиристодашуда умури сафорати Афғонистон дар Маскавро ба дасти худ бигиранд ва дипломатҳои мухолифи Толибонро аз онҷо берун кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Дасисаҳои сиёсӣ ё “диктатура страха”: 31-сол аст аз хатари ҳамлаи террористон аз Афғонистон ҳушдор медиҳанд, ҳазорҳо тоҷику тоҷикистониро бегуноҳ чӣ дар Тоҷикистон ва/ё чӣ дар россия бо гумони терроризм зиндонӣ карданд, куштанд ё ба сӯйи террорризм фиристоданд. Имрӯз ҷаҳон ба ҳамсояҳои россия ҳушдор медиҳанд, ки баъди Украина навбати шумост.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button