МУНОҚИШАИ ДУ МӮСАФЕД ДАР ГУЛИСТОН, РОҲЗАНӢ ДАР ПОЙТАХТ ВА ДУЗДӢ ДАР ХУРОСОН

Сокини 55-солаи шаҳри Гулистон ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 9 феврал ҳангоми муноқиша дар хонааш ба қафаси синаи як марди 62-сола як зарбаи корд задааст.
ххххххххххххххх
Сокини 26-солаи ноҳияи Фирдавсӣ шаби 6 феврал, соати 00:30, дар кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт аз дасти як ҷавон ду телефон ва корти “Душанбе сити”-ро бо зӯрӣ кашида гирифтааст.
ххххххххххххххх
Ду сокини ноҳияи Хуросон моҳи декабр аз мағозаи сокини 41-солаи ҳамин ноҳия маҳсулоти хӯрокворӣ ва 500 сомонӣ пули нақдро дуздидаанд.
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 131.02.2023
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати мастӣ

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 55-солаи сокини шаҳри Гулистон оғоз карда шудааст, ки ӯ 9-уми феврали соли 2023, тахминан соати 14:00, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада бо марди 62-солаи сокини шаҳри мазкур ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ба даст афтодани ғоратгар

Зимни баргузор намудани чорабинҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандон милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми феврали соли 2023, тахминан соатҳои 00:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Шерозии ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш бо роҳи ошкоро аз дасти ҷавони 20-солаи сокини пойтахт 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Honor-9” ва “Huawеi-6”, ва 1-адад корти “Душанбе сити”-ро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми дуздии мағозаи хӯрокворӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквориаш шуда, аз онҷо маҳсулоти хӯрокворӣ ва 500 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабинҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандон милитсия марди 26 ва ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

