ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЛАТТУКӮБИ БЛОГЕРИ РУС БАЪДИ ПЕШНИҲОДИ АЛОҚАИ ҶИНСӢ БО ЯК ДУХТАРИ ТОҶИК ДАР ИВАЗИ “АЙФОН” (ВИДЕО)

Пранкер аз вилояти Смоленски Кирилл Шучеров, ки бо лақаби Шучер ном баровардааст, рӯзи 12 феврали соли 2023 дар як автобус дар шаҳри Санкт-Петербург мавриди ҳамла қарор гирифта, ҷароҳат бардоштааст. Шучер мегӯяд, ҳамлагарон ҷанубӣ буда, ба сару рӯяш бо мушту шаппотӣ зада, ҳамчунин аз электрошокер истифода бурдаанд. Ӯ хабар дод, ки раҳгузарон ҳамлагаронро дастгир карда, то омадани пулис нигоҳ доштаанд.

Ин пранкер ва блогери ноқисулақл, ки баъди ба 75 ҳазор нафар расидани шумораи обуначиёнаш аз Смоленск ба Петербург кӯчид, ҳамла ва латтукӯбашро ба видеои ахири худ рабт медиҳад, ки дар он як қуттии телефони “Айфон” дар дасташ ба як духтари тоҷик дар кӯча пешниҳод карда буд, ки дар ивази ин телефон бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад.

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо мавқеи ошкори зидди муҳоҷирон ва миллатгароёнааш маъруф аст ва  тафтиши қариб ҳамаи ҳодисаҳои ҷиноии марбут ба муҳоҷиронро таҳти назорати худ мегирад, талабгори кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳамлаи муҳоҷирон ба блогер  Кирилл Шучер шудааст.

Хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия шоми 12 феврал бо нашри як иттилоияи вижа гуфт: “Дар Телеграм-каналҳо хабаре паҳн шудааст, ки як гуруҳи муҳоҷирон дар ҷараёни муноқиша ба як сокини Санкт-Петербург осеби ҷисмонӣ расондаанд. Раиси кумита ба иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербург О.В. Бобков  амр дод, ки дар ин робита парвандаи ҷиноятӣ кушода, дар бораи натиҷаҳои пешакии тафтишаш ҳисобот диҳад. Ҷараёни иҷрои ин амр таҳти назорати дастгоҳи марказии Кумитаи тафтишот қарор дорад”.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки Шучер дар кӯча ба назди як духтар аз Тоҷикистон омада, баӯ пешниҳод мекунад, ки дар ивази телефони “Айфон” бо ӯ ҳамхобда шавад. Духтарак намефаҳмад, ки ин блогер аз ӯ чӣ мехоҳад? Ӯ иқрор мекунад, ки русиро хуб намефаҳмад. Шучер ҳамчунон талош мекунад, то ба ин духтар манзурашро бифаҳмонад, ки дар ивази телефон аз вай чӣ мехоҳад? Вале духтар пешниҳоди ӯро рад мекунад. Шучер баъди ин ба духтар пешниҳод мекунад, ки ӯро бибӯсад ва духтар бо хоҳиши пранкер аввал аз як бари рӯи ӯ ва сипас аз лабонаш бӯса мекунад.

Шучер иддао дорад, ки баъди ин видео нафарони зиёде аз зодагони Тоҷикистон ба ӯ таҳдид карда, талаб кардаанд, ки видеои ҷанҷоли аз Интернет пок карда, дигар ба духтарони тоҷик кордор нашавад. Вале Шучер талаби пок кардани видеоро рад кард ва гуфт, ӯ касеро ба ягон кор маҷбур накардааст ва он духтар бо хоҳиши худаш вайро бӯсид.

Ҳоло ба нафароне, ки барои ҳамла ба ин блогер ва пранкери ноқисулақл дастгир шудаанд, ҳукми зиндони воқеӣ таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

3 Comments

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Аввалан, ин амали ҷавонписари рус, ки қиёфааш бештар ба духтар монанд аст, қобили қабул нест, маҳкум ва ҳаром аст, дуввум дар ягон ҷойи қонуни асосии Тоҷикистон навишта нашудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати динӣ, ахлоқӣ, суннатӣ, фарҳангӣ, адабӣ, шарқӣ ё ҳадди ақал подшоҳӣ аст, баръакс Тоҷикистон давлати “ДУНЯВӢ” аст, ин яъне дар Тоҷикистон дин ва арзишҳои диниро давлат эътироф намекунад ва таълим дода намешанд. Агар муҳим ҳифзи нангу номуси зану духтари тоҷик бошад, марҳамат шаҳри Душанбе пур аз танфӯруш, ҳар рӯз даҳо оилаи ҷавон аз ҳам мепошанд, Тоҷикистон қадамҳояшро калон-калон ба сӯйи беарзишӣ (дунявӣ) гузошта истодааст. Халқи каҷфаҳмем.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button