ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ОШИ ХУДОИИ ТОҶИКОН БАРОИ 1000 НАФАР АЗ МАРДУМИ ЗАРАРДИДА ДАР ҶАНУБИ ТУРКИЯ (2 ВИДЕО)

Бо ташаббуси ҷамъияти тоҷикони муқими Туркия дар шаҳри аз заминларзаҳои ахир осебдидаи Қаҳрамонмаръаш барои зарардидагони офати табиӣ ва наҷотдиҳандагони хориҷӣ ду навъи хӯроки гарм: “Оши палов” ва хомшӯрбои тоҷикӣ ташкил ва  тақсим карда шуд. Ҷамъияти тоҷикони Туркия гуфт, ин хӯрокҳои миллии тоҷикӣ барои 2500 нафар омода гардида, дар яке аз муассисаҳои таълимии ин шаҳр бо номи “Мавлоно” ба эҳтиёҷмандон тақсим карда шуд.

Заминларзаҳои рӯзи 6 феврали соли 2023 дар ҷануби Туркия ва шимолуғарби Сурия харобиовартарин ва пурқурбонитарин офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар чанд даҳсолаи ахир унвон мешаванд. Бино ба охирин хабарҳо, то субҳи 12 феврал шумораи ҳалокшудагон дар Тукрияву Сурия алакай аз марзи 29 ҳазор гузашта, метавонад боз ҳам биафзояд. Аз ин шумор наздики 25 ҳазор нафар дар Туркия ва беш аз 4500 тани дигар дар Сурия ҷон бохтаанд.

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар Сурия бар асари ин офатҳои табиӣ шояд беш аз 5 миллион нафар аз манзили зист маҳрум шуда бошад. Ба ҳисоби ин созмон, дар Туркияву Сурия дар ҳоли ҳозир наздики 900 ҳазор нафар ба хӯроки гарм эҳтиёҷ доранд.

Амалиёти наҷот дар маконҳои офатзада инак як ҳафта боз идома дорад ва бо гузашти ҳар рӯз умеди зинда пайдо кардани одамон камтару камтар мешавад. Вале ҳолатҳои истисноии зинда пайдо кардани одамон аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрафта то ҳол рух медиҳанд.

Аз ҷумла рӯзи 11 феврал наҷотбахшон аз Озарбойҷон ду хоҳаракон  –  Тавилдаи 8-сола ва Хадиҷаи 13-соларо аз зери харобаҳои як бино дар Қаҳрамонмаръаш зинда берун оварданд. Ҳамчунин наҷотбахшони тоҷик рӯзи 11 феврал дар ҳамин шаҳри Қаҳрамонмаръаш ду нафар – як падар ва тифли шашмоҳаи ӯро аз зери харобаҳо зинда пайдо карданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистонро инро мӯъҷиза номид, чунки падару фарзандаш беш аз 5 шабонарӯзро дар зери харобаҳои бидуни ғизову об сипарӣ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button