ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

НАҶОТБАХШОНИ ТОҶИК БОЗ ЯК КӮДАКРО АЗ ЗЕРИ ХАРОБАҲО ЗИНДА ПАЙДО КАРДАНД! (ВИДЕО)

Наҷотбахшони тоҷик рӯзи 12 феврали соли 2023 дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯи қурбониёни заминларзаи харобиовар дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш дар ҷануби Туркия боз як кӯдакро  аз зери харобаҳо зинда пайдо карданд. Ин кӯдак беш аз 150 соат, яъне беш аз 6 шабонарӯз дар зери харобаҳо бидуни обу ғизо ба сар бурдааст! Матбуоти Туркия хабар дод, ки ин кӯдаки аз сӯи наҷотбахшони тоҷик наҷотёфта Явуз ном ва ҳамагӣ 3 сол дорад.

Нашрияи туркии Yeni Safak хабар дод, ки ин кӯдакро баъди 159 соати дар зери оворҳо қарор доштанаш як гуруҳи ангиштканони наҷотбахш аз Анкара ва наҷотбахшони тоҷик пайдо кардаанд.

Яке аз ангиштканон гуфтааст: “Мо қариб 5 рӯз боз инҷоем. Дар ин бино сӯхтор шуда буд. Билохира, аз як тарафи бино техникаи сохтмонӣ тавонист ворид шавад. Вақте аломати зинда будани як нафар дар зери харобаҳо маълум шуд, техникаи созтмонӣ корро бас кард. Мо аз зери харобаҳо садои кӯдаки ду ё сесоларо шунидем, ки зинда буд”.

Ин шоҳиди наҷоти кӯдак гуфтааст, ки ин тифл дар даруни чангу хок буд, вале вазъаш хуб буд. “Фариштаҳо ба мо барои наҷоти ӯ кумак карданд”,  — гуфтааст ин коргар.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 13 феврал бо тасдиқи ин хабар гуфт, наҷотбахшони тоҷик ин кӯдакро дар ноҳияи Уни Икӣ Суботи шаҳри Қаҳрамонмаръаш аз банд наҷот додаанд.

“Явуз муддати 158 соат зери ғарами оҳану бетон, деворҳои фурӯрафтаи бинои истиқоматӣ зинда монд! Муъҷизаи навбатӣ дар заминларзаи Туркия!

Одамоне, ки кори наҷотдиҳандагони тоҷикро тамошо мекарданд, пайғоми зинда берун омадани боз як тифлро бо нидоҳои хурсандибахш истиқбол карданд. Мегуфтӣ замину замон аз ин нидоҳо ба ларза меомад. Шодии атрофиёнро ҳадду каноре набуд!

Онҳо бо як овоз шодиомез нидо мекарданд:“ТОҶИКИСТОН!”

Як рӯз қабл, рӯзи 11 феврал Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшони тоҷик дар Қаҳрамонмаръаш тавонистанд ду нафар  – як падарро бо тифли ширмаки шашмоҳааш аз зери харобаҳои як бино зинда пайдо кунанд ва берун биоранд. Ин падару тифлаш беш аз 5 шабонарӯз дар зери харобаҳо бидуни обу ғизо қарор дошта, боз ҳам зинда мондаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зинда наҷот ёфтани онҳоро муъҷиза номид.

Ин ниҳод гуфт, наҷотбахшони тоҷик ҳамчунин то имрӯз 78 ҷасадро аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрафта дар Қаҳрамонмаръаш берун кашидаанд.

Тоҷикистон рӯзи 9 феврал як гуруҳи вижаи иборат аз 50 нафар, бо шумули наҷотдиҳандагон ва табибони тоҷикро барои иштирок дар амалиётҳои ҷустуҷӯву наҷот ва рафъи оқибатҳои заминларзаҳои рӯзи 6 феврал ба Туркия фиристод. Бо қарори мақомоти Туркия, наҷотбахшони тоҷикро ба шаҳри Қаҳрамонмаръаш фиристоданд, ки ин шаҳр яке аз маконҳои аз ҳама офатзада ба шумор меравад.

Шумори умумии ҳалокшудагон бар асари заминларзаҳои як ҳафтаи пеш дар ҷанубушарқи Туркия ва шимолуғарби Сурия ба 35 ҳазор наздик мешавад. Мақомоти Туркия аз ҳалокати зери 30 ҳазор нафар ва Сурия аз ҳалокати наздики 5 ҳазор нафар хабар додаанд. Ин офатҳо пурқурбонитарин ва харобиовартарин заминларза дар Туркия дар 84 соли охир, аз соли 1939 ба ин тараф, номида мешаванд.

Мақомот мегӯянд, шумори қурбониёни заминларза метавонад боз ҳам биафзояд, чунки садҳо нафар ҳамчунон беномунишон боқӣ мемонанд ва ҷустуҷӯи онҳо дар зери харобаҳои садҳо бинои рӯзи 6 феврал фурӯрафта ҳамчунон идома дорад. Вале бо дарназардошти ниҳояти тоқати бадани инсон ба чунин шароити фавқулодда ва ҳам бо дарназардошти ҳавои фавқулодда сарде, ки дар ин шабу рӯз дар манотиқи офатзада ҳукмфармост, бо гузашти ҳар рӯзу ҳар соат умеди зинда пайдо кардани ин бенишоншудагон камтару камтар мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button