ВидеоҶомеа

ЯК ҶАВОН ДАР ИСТАРАВШАН АЗ ҲИССИЁТИ РАШК ҲАМСАР ВА ДОДАРӮСАШРО КОРД ЗАДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати сӯиқасд ба ҷони ҳамсар аз ҷониби шавҳари бадрашк хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 9-уми феврали соли 2023, тахминан соати 23:30, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Истаравшан ба ҳавлии истиқоматии волидайни ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ҳиссиёти рашк бо корд 3-4 маротиба ба аъзои бадани ӯ ва 1 маротиба ба бадани додарарӯси хурдсолаш задааст. Кӯдаки бечора, ки ҳамагӣ 8 сол дошт, аз қазо ҳамон шаб дар паҳлӯи апааш хоб рафтааст. Дар натиҷаи ҳамла ҳарду ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест ва маълум нест, ки чӣ рашки шавҳари бадҷаҳлро ба андозае барангехтааст, ки ӯ нисфи шаб ба хонаи волидайни ҳамсараш рафта, ҳам ӯву ҳам додарарӯсашро корд задааст? ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, аз ҷумла ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштор ё қасди куштори ҳамсарон аз дасти шавҳарон, тавре аз натиҷаҳои тафтишот бармеояд, асосан дар заминаи рашк сурат мегиранд.

Танҳо аз аввали моҳи феврал ВКД  дар бораи дастикам се мавриди куштор ё қасди куштани ҳамсарон аз сӯи шавҳарони бадрашк хабар медиҳад.

Аз ҷумла қаблан гузориш шуда буд, ки тахминан соати сеюними шаби 6-уми феврали соли 2023, як  марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ ҳамсараш зани 53-соларо бо дастонаш бӯғӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса ва назари аҳли ин хонавода ҳанӯз дастрас нест. Маълум нест, ки  мояи он “ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ” чӣ  буда ва дар он поси шаб байни зану шавҳар чӣ муноқишае бархостааст, ки ба чунин фарҷоми маргбор овардааст?
ВКД танҳо гуфт, ки нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми якуми моддаи 104  1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамчунин кормандони милитсия як сокини 35-солаи ноҳияи Данғараро бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карданд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ин сокини Данғара рӯзи  31-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:00, аз бозори “Ганҷина”-и шаҳри Душанбе як корд харида, ба ноҳияи Данғара рафтааст. Тахминан соати 18:00 ӯ ба ноҳияи Данғара расида, дар як нуқтаи фурӯши машрубот 200 грамм нӯшокии коняк нӯшида, сипас дар ҳолати мастӣ ба хонаи волидайни ҳамсараш, зани 30-солаи ноҳияи мазкур рафтааст ва  бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ, бо корди бо худ овардааш 11 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст. Да натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button