ВидеоҲодиса

БОҒИ ЗАЙТУНРО ДУ ПОРА КАРД: ДАР ҶАНУБИ ТУРКИЯ БАЪДИ ЗАМИНЛАРЗА ҒОРИ БУЗУРГИ БАРАШ 200 МЕТР ВА ЧУҚУРИАШ 30 МЕТР ПАЙДО ШУДААСТ (ВИДЕО)

Дар пайи заминларзаи харобиовару пурқурбонӣ дар вилояти Хатай дар ҷануби Туркия дар як саҳро дар канори деҳаи Теппахона ғори бузурги  бараш 200 метр ва чуқуриаш 30 метр пайдо шудааст. Ин ғори бузург боғи дарахтони зайтунро дар Теппахона ду тақсим кардааст.

Видеои тавассути дрон сабтшуда аз маҳалли ин ҳодисаро шабакаи телевизионии туркии NTV нашр кард.

Ин ғори бузург дар як боғи зайтуни масоҳаташ 35 гектар дар деҳаи Теппахона пайдо шудааст.

Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки аввал садои таркишро шуниданд.

Яке аз сокинони Теппахона ба журналистон гуфт:  Таркиши хеле сангине рух дод. Ман худи таркишро ба чашм надидам, вале садояшро шунидам. Вақте ки субҳ ба ин тараф омадем, дидем, ки мутаассифона, ин боғ ба як харобазор табдил ёфтааст. Ҳоло аз ин ғор ҳатто экскаватор ҳам гузашта наметавонад”.

Субҳ ва рӯзи 6 феврали соли 2023 ду заминларзаи шадиди иқтидораш 7,7 ва 7,5 балл 10 вилоят дар ҷанубушарқи Туркия ва вилоятҳои Ҳалабу Лозиқия, Ҳамо ва Тартус дар шимолуғарби Сурияро такон дод. Ин заминларза аз соли 10939 ба ин сӯ пурқурбонитарин ва харобиовартарин офати табиӣ дар ин қисмати Ховари Миёна шумурда мешавад.

Дар умум шумори қурбониёни ин офат ба 30 ҳазор нафар наздик шудааст. Ҳудуди 25 ҳазор нафар дар Туркия ва беш аз 4500 тани дигар дар Сурия ба ҳалокат расиданд.

Дар Туркия 10 рӯзи мотами миллӣ эълон шуда, дар 10 вилояти офатзада барои 3 моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button