АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

“ТОЛИБОН ЯГОН ВАЪДААШРО ИҶРО НАКАРД…” ИНТИҚОДИ ТУНДИ САФИРИ РУСИЯ АЗ ТОЛИБОН

Тавре ба назар мерасад, мақомоти Русия  баъди якуним соли бо пирӯзии бечунучаро ба сари қудрат баргаштани ҷунбиши тундрави Толибон аз ин режими нави ҳоким бар Афғонистон дилсард шудаанд. Рӯзи 8 феврали соли 2023 президенти Русия Владимир Путин аз афзоиши таҳдиди терроризм аз қаламрави Афғонистон, бахусус аз ҷониби ДОИШ изҳори нигаронӣ кард.

Рӯзи 10  феврал бошад сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар мусоҳиба бо хабаргузории русии РИА Новости изҳор дошт, ки амалан ҳеҷ яке аз ваъдаҳои ҳангоми расиданашон ба қудрат додаи Толибон иҷро нашуд. Григорев ёдовар шуд, ки Толибон аз ҷумла кафолат дода буд, ки дигар аз хоки Афғонистон  таҳдиди терроризм бар нахоҳад хост. 

“Бо ин вуҷуд, дар моҳҳои охир мо шоҳиди чандин амали бузурги террористӣ, аз ҷумла ба зидди намояндагиҳои дипломатӣ дар Кобул ва дар марз бо ҳамсояҳои шимолии Афғонистон шудем “, – гуфт сафири Русия.

Дипломати баландпояи рус бо нигаронӣ гуфт, вазъ дар Афғонистон тибқи сенария манфӣ пеш рафта истодааст ва ҷунбиши Толибон ваъдаҳои дигари додааш, аз ҷумла мубориза бо созмонҳои террористӣ, ташкили ҳукумати фарогир, мубориза бо тавлиду қочоқи маводи мухаддирро ҳам иҷро накард.

Григорев мушкилоти умдаи ҳукуматдорони кунунии Афғонистонро як-як баршумурд: “Мо дида истодаем, ки созмонҳои террористӣ дар Афғонистон озодона фаъолият доранд, дар бораи ҳукумати фарогир ҳатто ягон гап нест. Бино ба маълумоти Созмони Милал, майдони кишти маводи кӯкнор афзоиш ёфтааст. Ин манзараи осафборро вазъи хеле бади мардуми Афғонистон пурра мекунад”.

Сафири Русия дар Душанбе гуфт, гумон аст, ки касе ба сурати ошкор ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки беш аз 1400 километр тӯл мекашад ва марзи ҷанубии СНГ ва ОДКБ ҳам ба шумор меравад, ҳамла кунад.

“Вале ба ҳар сурат, тамоми сенарияҳои марбут ба муракааб шудани вазъ, аз ҷумла сенарияҳои бадтарин дар дасти баррасӣ қарор доранд. Бо ҷониби Тоҷиктстон аз тариқи мақомоти ҳарбӣ, марзбонӣ ва амниятӣ тамосҳои хеле наздики корӣ ба роҳ монда шуда, ба сурати пайваста роҳу чораҳои лозим, аз ҷумла чораҳои муштарак таҳия карда мешаванд “, – хабар дод Григорев ва афзуд, як кафили амнияти марзҳои ҷанубии ОКД пойгоҳи 201-уми Русия аст, ки бо наздики 7 ҳазор аскару афсараш дар Тоҷикистон мустақар шудааст.

Ҷунбиши тундрави Толибон моҳи августи соли 2021 дар пешорӯи хуруҷи охирин нирӯҳои Амрико ва ҳампаймонҳояш аз Афғонистон тақрибан бидуни кадом муқовимати ҷиддие қудратро дар ин кишвари ҷангзада ба даст овард. Режими нави Толибон амалан занону духтаронро аз ҳаққи таҳсилу кор маҳрум кард ва ҳатто танҳо, бидуни ягон марди маҳрамашон ба кӯча баромадани онҳоро манъ кард. Толибон ҳамчунин бо вуҷуди маҳкумияти байналмилалӣ, ҷазоҳои шариатӣ дар маҳзари ом, аз ҷумла буридани даст барои дуздӣ ва сангсор барои зиноро барқарор кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Гуфтори неку рафтори бад: Ҳизби наҳзати террористии “Единая Россия” аз хоки Россия ва Белорус бар зидди ҳамсояи ҳамдину ҳаммазҳабаш Украина аз замину осмон ҳамлаи худсаронаву бемаънӣ анҷом дода истода, ба ин васила баҳона ва намунаи ибрат ба “толибон” мешаванд, аммо ба қавли тоҷикон “рӯякӣ” таъкид мекунанд, ки аз хоки Афғонистон ба берун ҳамла сурат нагирад?! Рашизм аз фашизму натсизм бад аст!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button