ВидеоСиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР РОҲБАРИИ ШАҲРҲОИ ИСФАРА ВА ПАНҶАКЕНТ

Субҳиддин Ҷӯразода муовини раиси шаҳри Исфара ва Санъат Тоҳирзода ва Эркинҷон Хушвақтзода муовинони раиси шаҳри Панҷакент таъйин шудаанд. Бино ба иттилоияҳои расмӣ, таъйиноти ҳарсеи онҳо бо розигии президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Субҳиддин Ҷӯразода то имрӯз ба ҳайси муовини раҳбари осоишгоҳи “Зумрад” кор мекард. Санъат Тоҳирзода ду соли охир раиси дастгоҳи шаҳрдории Панҷакент буд ва Эркинҷон Хушвақтзода – 6 сол боз раиси ҷамоати Деваштич (собиқ Халифа Ҳасан) буд.

Исфараву Панҷакент бо ҷамоатҳои тобеашон ҳар кадом ҳудуди 300 ҳазор аҳолӣ дошта, аз шаҳрҳои бузургу пешрафтаи шимоли Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара рӯзи 10 феврали соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки маросими муаррифии Субҳиддин Ҷӯразода ба ҳайси муовини раиси шаҳр субҳи 10 феврал бо иштироки шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Ғолиб Шарифзода сурат гирифтааст.

Субҳиддин Ҷӯразода 5 апрели соли 1982 дар Исфара таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос мебошад.

Фаъолияти меҳнатии С.Ҷӯразода соли 2008 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи иҷтимоиёт, фарҳанг ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроия оғоз гардида, минбаъд ба сифати сармутахассиси ҳамин шуъба кор кардааст. Солҳои 2015-2017 мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, солҳои 2017-2018 мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, соли 2018 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва аз соли 2018 то ба вазифаи муовини раиси шаҳри Исфара таъин гардидан ба сифати ҷонишини директори ҶС “Осоишгоҳи Зумрад” фаъолият  кардааст.

Шаҳрдории Панҷакент низ рӯзи 10 феврал дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода низ ду муовини наваш Санъат Тоҳирзода ва Эркинҷон Хушвақтзодаро дар як ҷаласа бо иштироки мудири шуъбаи кадрҳои вилояти Суғд Ғолиб Шарифзода муаррифӣ кардааст.

 Тоҳирзода Санъат Тоҳир 21 январи соли 1982 дар деҳаи Роҷи ҷамоати Амондара  ба дунё омада, соли 2002 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакентро бо дипломи аъло хатм карда, соли 2007 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси омӯзгор ва соли соли 2016 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси менеҷер – иқтисодшинос хатм кардааст.

Тоҳирзода собиқаи кориашро соли 2002 ба сифати методисти клубҳои шуъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент шурӯъ намуда, баъдан дар вазифаҳои мудири қабулгоҳи раиси шаҳр, котиби комиссияи кор бо ноболиғони назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, мутахассиси бахши меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ, мутахассис ва мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Панҷакент, директори иҷроияи ТҶ “Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ”, мушовири Маркази машваратии Барномаи рушди СММ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 7 июни соли 2021 то 6 феврали соли 2023 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент кор кардааст.

Хушвақтзода Эркинҷон Хушвақт 4 ноябри соли 1972 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, соли Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси зоомуҳандис хатм намудааст.

Соли 1995 фаъолияти меҳнатиашро чун ҳисобчии хоҷагии ҷамоавии ба номи Карл Маркс оғоз карда, то моҳи майи соли 2017 дар вазифаҳои сардори бригадаи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи С. Рӯзиев, “Кӯктош” ва раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Тӯхта Ойматов кор кардааст.

Моҳи майи соли 2017 ба вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ( ҳоло Деваштич) таъин шуда, то 6 феврали соли 2023, яъне то муовини раиси шаҳр шуданаш, раҳбарии ин ҷамоатро бар дӯш дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Холмуҳаммад Абдуғаффор Ҳамадонӣ гуяд:

    Асосгузори диктатураи миллӣ барои миллати тоҷик хизмати хирсона карда истодааст, ин тағйироти кадрӣ ҳеч самараи мусбате надорад. Борис Немцов когда-то сказал: “В России коррупция перестала быть проблемой и стала системой”! Айнан дар Тоҷикистон низ коррупсия дарди сар не, давои сар шудааст!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button