ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

СИЛСИЛАСАФАРИ ЗЕЛЕНСКИЙ БА АВРУПО БАРОИ ДАРЁФТИ СИЛОҲИ БЕШТАР, КУШТА ШУДАНИ 20 ГЕНЕРАЛИ РУС ВА ҚАТЪИ ҶАЛБИ МАҲБУСОН АЗ СӮИ ЧВК “ВАГНЕР”

8-уми феврали соли 2023 президенти Украина Владимир Зеленский бо ҳавопаймои низомии қувваҳои ҳавоии Британия вориди Лондон гардид. Ӯро дар фурудгоҳ нахуствазири Британия Риши Сунак пешвоз гирифт. Зеленский зимни мулоқоташ бо Сунак ҳадафи сафари худ ба ин кишварро чунин шарҳ дод: “Британияи Кабир яке аз аввалин кишварҳоест, ки барои кумак ба Украина шитофт, аз ин лиҳоз, ман тасмим гирифтам, барои изҳори сипос ба мардуми Британия ва нахуствазир худам шахсан биоям”.

Зеленский дар парлумони Британия суханронӣ намуда, арзи сипоси мардуми Украинаро ба аъзои парлумон ва мардуми ин кишвар барои кумакҳои низомию башардӯстона расонид. Ҳамчунин  ӯ ба таври рамзӣ кулоҳи як халабони низомии украиниро ба раиси парлумони Британия Линдси Ҳойлу тӯҳфа намуд, ки дар он навишта шуда буд: “Мо озодем, барои ҳифзи озодиамон ба мо пару бол диҳед”. Зеленский гуфт, феълан Украина ба тайёраҳои ҷангӣ сахт ниёзманд аст ва  изҳори умедворӣ намуд, ки “ин тӯҳфаи рамзӣ боиси ташкили як “эътилофи тайёраҳои ҷангӣ” хоҳад гашт”.

Дар охири суханронии худ Зеленский хеле моҳирона ва бо як лаҳни таъсирбахш таъкид намуд, ки “соли 2020 ман ба шумо барои чойи хушмаззаи англисӣ ташаккур гуфта будам, ин бор мехоҳам аз пеш барои ҳавопаймоҳои англисӣ ташаккур гӯям”. 

Ҳамчунин ӯ зимни ин сафар бо шоҳ,Карли III низ вохӯрӣ анҷом дода, аз тамрингоҳи низомии Британия, ки дар он нерӯҳои украинӣ омӯзиш мегиранд, дидан кард.

Дар пайи ин, Зеленский Лондонро бо қасди Париж, бо мақсади вохӯрӣ бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс, ки ӯро дар қасри Елисей мунтазир буданд тарк намуд.

Пас аз вохӯрӣ бо Зеленский раисҷумҳури Фаронса гуфт, ки “Фаронса ба Украина кумак хоҳад кард, то дар ин ҷанг ғолиб ояд. Украина метавонад мутмаин бошад, ки Фаронса ва ҳампаймононаш ҳатман то шикасти Русия дар майдони ҷанг ба Украина ҳама кумакро мекунанд”.

Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс низ дар суханронии худ таъкид ба он намуд, ки “чӣ қадаре зарур бошад, Олмон омода аст, ки ба  Украина кумак кунад. Дар ин ҷанг набояд Русия ғолиб гардад”.

Нахуствазири Британия Риши Сунак низ таъкид намуд, ки “Британия ҳеҷ чизеро барои кумак ба Украина дареғ нахоҳад дошт”.

Аз Фаронса Владимир Зеленский ҳамроҳи Эммануэл Макрон ба Брюссел сафар намуд, то дар парлумони Аврупо низ суханронӣ намояд.

Коршиносон бар инанд, ки ҳадафи асосии сафари раисиҷумҳури Украина ба Аврупо дархости зиёдтари силоҳ аст.

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар саҳифаи худ дар шабакаи Твиттер Зеленскийро чунини хайрамақдам гуфт: Хуш омадед ба хонаи худ, хуш омадед ба Аврупо!”

Вакилони парлумони Аврупо бо кафкӯбии бардавом ва росто президенти Украина Владимир Зеленскийро дар бинои парлумон пешвоз гирифтанд.

Зеленский дар нутқи худ ба парлумони Аврупо таъкид намуд, ки “ман инҷо барои ба хонаашон баргардонидани украиниҳо омадаам”. Қасди Зеленский аз “хона”, яъне пайвастани кишвараш ба Иттиҳоди Аврупост. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки “Аврупои озодро бе Украинаи озод тасаввур кардан ғайримумкин аст”.

Дар навбати худ, президенти парлумони Аврупо Роберт Метсол таъкид намуд, ки “Украина ин Аврупост, ояндаи Украина ин пайвастан ба Иттиҳоди Аврупост”.

Дар ҳоле, ки раисҷумҳури Украина дар берун аз хоки кишвараш қарор дорад, Институти омӯзиши ҷанг (ISW) аз оғози ҳамлаи густардаи Русия дар ҷабҳаҳои Луҳанск ва Донетск хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, онҳо ҳаракати низомиёни русро дар ноҳияи Двуречний дар вилояти Харков дар наздикии хатти ҷабҳаи Сватово ва Кременной низ дидаанд.

Онҳо мегӯянд, ки ҳамларо дар ҳама хатти ҷабҳа полки 144-ум, дивизияи 3-юми тирандози ҳавзаи низомии ғарбӣ,  полки 90-уми ҳавзаи марказии низомӣ бо дастгирии двизия десантии 76-уми нерӯҳои ҳавоӣ оғоз намудаанд.

Коршиносони ин ниҳоди низомӣ бар ин андешаанд, ки агарчӣ дар айни замон ибтикор дар дасти русҳост,  вале гумон аст, ки онҳо бо ин ҳамла тавонанд ҳамаи марзҳои ҷуғрофии вилоятҳои Луҳанск ва Донетскро ғасб кунанд.

Генштаби Украина низ хабари ҳамлаи густардаи Русияро тасдиқ намуда мегӯяд,  ки нерӯҳои истилогари рус дар ҷабаҳоти Купянск, Лиман, Баҳмут, Авдеевка, Угледар, Опитно ва Маринка ҳуҷумро оғоз кардаанд.

Истихбороти Британия бар ин назар аст, ки ин ҳамлаи русҳо бебарор хоҳад буд. Зеро дар ҳафтаи оянда алакай ҳарорати ҳаво гарм мешавад ва яхҳо об мешаванду барои ҳаракати техникаи ҷангӣ лой монеаи ҷиддӣ мешавад.

Вазорати мудофиаи Русия аз пешравиҳои ночизи худ дар ҷабҳаҳои Луҳанск ва Харков хабар дода, гуфт, низомиёни украинӣ сахт истодагарӣ карда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол истихбороти кишварҳои гуногун хабар медиҳанд, ки артиши Русия дар тӯли наздик ба як соли ҷанги Украина бо шумули ҳам куштаҳову ҳам захмиҳо аз 90 ҳазор то 120 ҳазор низомии худро аз даст додааст. Рӯзи 9-уми феврали соли 2023 сомонаи Nikkei бо такя ба манобеи худ дар истихбороти Ҷопон навишт, ки дар муддати  як соли ҷанг Русия дар Украина 20 генерали худро аз даст додааст. То да ҳол ба бахши русии BBC ва сомонаи “Медиазона” муяссар гардидааст, ки ном ва маҳалли дафни 4 генерали руси дар Украина кушташударо муаяйн кунанд.

Институти омӯзиши ҷанг инчунин аз беасарии маҳбусони маҷбуран ба ҷанг фиристодашуда ҳарф зада, гуфт, “маҳбусон ончӣ, ки фармондеҳони артиши Русия аз онҳо интизор доштанд, бароварда сохта натавонистанд”.

Дар ҳамин ҳол,  Евгений Пригожин, молики ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” рӯзи 9 феврал хабар дод, ки “ҷалби зиндониёнро барои фиристодан ба ҷанги Украина бас кардааст”. Аммо дар ҳамин ҳол маҳбусон ба наздикони худ шикоят кардаанд, ки афсарони ВКД ва ФСБ бо онҳо сӯҳбат карда, таҳдид намудаанд, ки дар сурати нарафтан ба ҷанг дубора ба зиддашон парвандаҳои ҷиноятӣ мекушоянд ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндонашон мекунанд. Ин гуфтаҳоро Яна Гелмел, як ҳомии ҳуқуқ низ тасдиқ карда, гуфтааст, ки як шахси зери ҳимояи ӯро низ чунин таҳдид кардаанд.

Бино ба гуфтаи Олга Романова, сардори фонди “Русь сидящая”, ширкати “Вагнер” то имрӯз наздик ба 50 ҳазор маҳбусро маҷбуран ба ҷанг фиристодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button