ВидеоДин ва боварҳо

ОДИНАШОҲ ҚУРБОНОВ, ПАЙРАВИ ДИНИ ЗАРДУШТ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД


Одинашоҳ Қурбонов, яке аз пайравони ангуштшумори ойини қадимии зардуштӣ дар Тоҷикистон, дар синни 92, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Шӯроободи пешин, даргузашт.

Ӯро рӯзи 9-уми феврали соли 2023 дар деҳаи Навободи ин ноҳия ба хок супурданд.

Сокинони деҳ ӯро бо номи Одина Шоҳӣ мешинохтанд ва миёни мардум бештар ҳамчун устои созҳои мусиқӣ маъруф буд.

Одина Шоҳӣ, ҳафт сол пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳо насл ба насл ойини зардуштиро ҳифз кардаанд.

Манзили зисти ӯ пур аз созҳои мусиқие буданд, ки бо дастони худ тарошидааст. Ҳоло ин ҳунарро ба ягона писараш ба мерос додааст. Одина Шоҳӣ ба оҳанг ва созҳои мусиқӣ муносибати хос дошт.

Ӯ гуфта буд, ки падару бобоҳояш охири асри 19 аз Роғи Афғонистон ба деҳаи Навободи ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) кӯчидаанд.

Ӯ аслан ойини зардуштиро илм мегуфт. Вақте мехонӣ, мефаҳмӣ, ки ин илм аст. Зардушт иҷоза намедиҳад, ки кӯркӯрона аз ӯ пайравӣ кунӣ. Ту аввал маро биомӯз, вақте писанд омадам, маро фаҳмидӣ, баъд марҳамат бипарвар маро,— мегуфт Одина Шоҳӣ.

Зардуштия як ойини қадимии қабл аз Ислом аст, ки аксари тоҷикон дар гузашта аз он пайравӣ мекарданд. Дар асрҳои 8-9 тоҷикон Исломро пазируфтанд ва мисли Одинашоҳ афроди пойбанд ба ойини қадимӣ танҳо дар баъзе аз гӯшаҳои Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон боқӣ монданд. Одинашоҳ дар Тоҷикистон аз ангутшумор нафароне буд, ки худро ошкоро пайрави ин ойини қадимӣ медонист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Ҷаноби Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: Агар Исову Мусо ва ҳамаи паёмбарони қаблӣ имрӯз мебуданд, ҷуз байъат бо ман ҳеч роҳи дигаре надоштанд. Мардум паёмбари ислом (с)-ро мӯ ба мӯ мешиносанд, ҳамсаронашро, фарзандонашро, саҳобаашро, зодгоҳашро, қабрашро, зиндагияшро мӯ ба мӯ мешиносанд, Зардуштро кӣ мешиносад? 60-дарсади калима ва ибораҳои забони тоҷикӣ арабист. Мактабу маорифро бидуни калимаҳои арабӣ тасаввур кардан мумкин нест. Мактаб, Қалам, Дафтар, Китоб, Саҳифа, Варақ, Рақам, Боб, Ҷузъ, Нашриёт, Хабар, Ахбор, Муаллим, Муаллима, Таърих, Адабиёт, Риёзиёт, Ҳандаса, Наққошӣ, Рассомӣ, Илм, Маориф, Ҷаласа, Маҷлис, Ҷомеъа,

    1. Ҷавоби мантиқӣ ва беҳтарин! Боқимонда “зардуштӣ” -ҳо бошанд бояд ҷавоб нависанд. Радиои Озодӣ нагуфт ҷанозаша бо кадом дину оин хонданд?
      Саломат бошед!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button