ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

НАҶОТБАХШОНИ ТОҶИК БА АМАЛИЁТИ ҶУСТУҶӮ ВА НАҶОТ ДАР ҶАНУБИ ТУРКИЯ САР КАРДАНД (ВИДЕО+15 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри видео ва аксҳои зиёд аз ҷануби Туркия хабар дод, ки аз субҳи барвақти 10-уми феврали соли 2023, сар аз соати 06.00 бо вақти маҳаллӣ дастаи имдодгарони тоҷик  дар минтақае аз вилояти офатздаи Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот оғоз карданд.  Вилояти Қаҳармонмараш дар Туркия аз ҷумлаи вилоятҳоест, ки дар заминларзаи ахир зиёд вайрон шудааст.

Дар айни замон 40 наҷотдиҳанда аз Тоҷикистон биноҳои харобгардидаро аз назар мегузаронанд ва зери хоку сангтӯдаҳо ва шикастапораҳои бетониро таҳқиқ мекунанд. Наҷотдиҳандагони тоҷикбо ҷаҳди зиёд кор мекунанд, зеро хуб медонанд, ки барои наҷоти ҷони инсонҳо ҳар дақиқаву соат ғанимат аст ва ҳар лаҳза метавонад дер шавад. Имдодгарони тоҷик дар ин кор аз таҷҳизоти нави ҷустуҷӯ, воситаҳои техникии замонавӣ  истифода мекунанд. 

Шаби 9 ба 10-уми феврал дар шаҳри Ғозиёнтеппа роҳбари гурӯҳи наҷотбахшони Тоҷикистон генерал-майор Сулаймон Исозода  бо  сардори Ситоди бартарафсозии паёмадҳои зилзила дар ин минтақа  ҷаноби Юсуф Айсу мулоқот кард. Дар ин дидор ҷониби Туркия барои ёрӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Ва ҳамзамон маконе, ки бояд наҷотдиҳандагони мо фаъолият кунанд, мушаххас карда шуд. Ин шаҳри Қаҳрамонмараш аст, ки ҳоло ҳамаи наҷотбахшони тоҷик дар он ҷоянд ва машғули роҳандозии корҳои наҷот мебошанд. Бояд гуфт, наҷотбахшон аз Тоҷикистон бори аввал дар чунин амалиёт дар хориҷи кишвар иштирок мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба охирин хабарҳо, то субҳи 10 феврал шумораи қурбониёни заминларзаҳои пурқурбонӣ дар Туркияву Сурия аз 21 ҳазор гузашт. Ноиби президенти Туркия Фуод Оқтой гуфт, дар Туркия камаш 18 ҳазору 342 нафар ба ҳалокат расидааст. Сурия то ин соат дар бораи ҳалокати дастикам 3 ҳазору 377 нафар хабар додааст.

Бино ба омори Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Туркия, шумораи ҳалокшудагон дар ин кишвар ба 18 ҳазору 342 нафар расида, 74 ҳазору 242 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва то ин соат аз манотиқи офатзада беш аз 75 ҳазор нафарро ба маконҳои амнтар кӯчондаанд. Дар амалиёти наҷот дар ҷануби Туркия 121 ҳазор нафар иштирок доранд. Ба гуфтаи мақомоти Туркия, дар пайи он ду зилзилаи пурқурбонӣ ва харобиовари субҳ ва рӯзи 6 феврал дар ин минтақа бох 1509 пасларзаи дигар сабт шудааст, вале хушбахтона, онҳо аз худ қурбоние ба ҷой нагузоштаанд.

Бонки ҷаҳонӣ ба Туркия барои кумаки фавқулодда ва бозсозии маконҳои офатзада 1 миллиарду 780 миллион доллар кумаки молиявӣ ваъда додааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, акнун дар пеши созмонҳои имдодӣ вазифаи асосӣ таъмини амнияти зиндагии онҳоест, ки аз ин заминларзаҳо ҷони солим ба дар оварданд. Намояндаи ин созмон гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳазорон нафар дар зери осмон дар шароити хеле бад, бидуни дастрасӣ ба обу гармӣ ва барқу алоқа ба сар мебаранд ва ин ҳама дар ҳолест, ки дар манотиқи офатзада ҳаво низ хеле сард аст.

Одинаев Амирхон ва Бобоев Сорбон, ду наҷотбахш аз шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи Кӯлоб низ ба Туркия фиристода шудаанд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button