ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОН БА ТУРКИЯ НАЗДИКИ 100 ТОННА ЁРИҲОИ БАШАРӢ ВА 50 НАҶОТБАХШ ФИРИСТОД (8 АКС)

Бино ба маълумоти охирин, шумори қурбониёни заминларзаҳои рӯзи 6 феврали соли 2023 дар Туркияву Сурия алакай аз 15 ҳазор гузаштааст ва метавонад боз ҳам биафзояд. То субҳи 9 феврал, мақомоти Туркия ҳалокати беш аз 12 ҳазор ва ҷароҳат бардоштани беш аз 62 ҳазор нафарро тасдиқ кардаанд. Сурия аз ҳалокати беш аз 3 ҳазор нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 5600 тани дигар хабар додааст.

Рӯзи 9 феврал бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Туркия наздик ба 100 тонна кумаки башардӯстона фиристод. Ин кумакҳо аз маҳсулоти зарурии  хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад. Дар баробари ин аз Тоҷикистон ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Туркия либосу пойафзоли зимистона, хайма,  кӯрпаю болишт, кати хоб, рахти хоб, рӯйпӯшҳои пашмин, зарфҳои алюминӣ ва дигар ҷиҳози хӯрокхӯрӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ фиристодаанд.

Ҳамзамон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 9 феврал як дастаи наҷотбахшони тоҷик  иборат аз 50 нафар аз Душанбе озими вилояти офатзадаи Қаҳрамонмараши Туркия шуда, субҳи 9 феврал, соати 07:20 ба фурудгоҳи Истанбул расиданд. Ин даста аз наҷотбахшон ва табибони ҷарроҳу шикастабанд иборат буда, имдодгарони тоҷик бо худ таҷҳизоти наҷотдиҳии лозим барои роҳандозии амалиёти наҷотро низ ба Туркия бурдаанд.

Сафорати Туркия дар Душанбе таъкид кардааст, ки Тоҷикистон бори аввал наҷотбахшони худро барои иштирок дар амалиёти наҷот ба хориҷ мефиристад. Сафорат гуфт, наҷотбахшони тоҷик ҳамроҳи худ чандин тонна ёриҳои башариро низ барои мардуми зарардида мебаранд.

Сафорат ҳамчунин кӯрпаву хаймаҳо, либос, маводи тиббию гигиенӣ ва дигар чизҳоеро, ки шаҳрвандон дар Тоҷикистон барои кумак ба мардуми зарардида ҷамъ оварда буданд, ба Туркия фиристодааст. Сафорати Туркия ба аҳли ҷомиаи Тоҷикистон барои намоиши ҳамбастагӣ  ва саховатмандӣ дар амри ҷамъоварии кумак ба зарардидаҳо изҳори сипос кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button