ВидеоИқтисод

“СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОЯШРО БА УРУМЧӢ БАРҚАРОР КАРД ВА ПАРВОЗҲОРО БА НОВОСИБИРСК АФЗОИШ ДОД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз санаи 8-уми феврали соли 2023 парвозҳояшро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе аз сар гирифт. Парвозҳо аз пойтахти Тоҷикистон ба маркази вилояти Шинҷон Уйғури Ҷумҳурии халқии Хитой (Чин) ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 12:00, аз Урумчӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Тӯли парвоз дуюним соатро ташкил медиҳад. Хадамоти матбуоти “Сомон Эйр” гуфт, қарор аст, аз нимаи аввали моҳи март шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Урумчӣ ба ду парвоз дар як ҳафта расонда шавад.

Ҳамзамон, ширкати  “Сомон Эйр” шумораи парвозҳоро аз Душанбе ба Новосибирск афзоиш додааст. Аз 5-уми феврал парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Новосибирск-Душанбе ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе амалӣ мегарданд. Рӯзҳои чоршанбе вақти парвоз аз Душанбе 18:00, аз Новосибирск 00:50 (шаби панҷшанбе), рӯзҳои якшанбе парвоз аз фурудгоҳи Душанбе соати 12:00 ва баргашт соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ сурат мегиранд.  Тӯли парвоз 3 соат буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 анҷом дода мешаванд.

 Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ин ҳафта солгарди 15-ум аз оғози фаъолияти худро ҷашн гирифт. Дар ҳоли ҳозир “Сомон Эйр” ягона ширкати ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба далели буҳрони молиявӣ аз соли 2019 ба ин тараф, инак 4 сол боз парвоз анҷом дода наметавонад.

“Сомон Эйр” дар ҳоли ҳозир парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Россия, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз 6 ҳавопаймои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button