ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ДУШАНБЕ ПИСАРИ ЧОРСОЛААШРО БО МОШИН ПАХШ КАРДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати боз ду тифли ноболиғ дар зери чархи мошинҳо хабар дод. Дар як ҳолат дар пойтахт ронандаи  мошини боркаши “Ҳюндай Портер” нофаҳмида, дар даруни ҳавлиаш писари хурди чорсолаи худро пахш кардааст. Тифли маъсум бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш, то беморхона норасида, дар роҳ ҷон дод.  Дар ноҳияи Фархор бошад, як тифли 11-сола савори дучарха зери чархи мошини раҳгузари тамғаи “БМВ” монда, бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон вафот кардааст.

Бино ба иттилои ВКД, субҳи 8-уми феврали соли 2023, тахминан соати 08:30, ронандаи автомашинаи тамғаи боркаши «Ҳюндай Портер», Сафаралиев Муҳаммад Холиқович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар манзили истиқоматиаш писари хурдсолаш, Сафаралиев Абдураҳмон Муҳаммадович, соли таваллудаш 2019-ро бо қисмати пеши мошинаш задааст, ки дар натиҷа хурдсол ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, шоми 31-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 18:10, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВМW”, Шарипов Маҳмадҷон Латифович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Хутан ба самти маркази ҷамоати шаҳраки Фархор дар роҳи мошингард, воқеъ дар деҳаи Файзобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ баромада, дучархарони ноболиғ Раҳмонов Фирдавс Шарипович, соли таваллудаш 2012, сокинини ноҳияи мазкурро, ки дар канори роҳ ҳаракат мекард, бо қисми пеши автомашинааш задааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Раҳмонов Ф.Ш. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии БДА, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button