ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 41 400 ДОЛЛАР ВА ДУЗДИИ ПУЛУ ТЕЛЕВИЗОР АЗ ХОНАИ ДУ СОКИНИ ПОЙТАХТ ВА РАБУДАНИ “СКУТЕР” ДАР БОХТАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 09.02.2023

Ба даст афтодани марди қаллоб

086

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2022, марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 41 ҳазору 400 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳтарин маблағҳояшро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани якчанд нафар бо ҷурми дуздӣ

082

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми феврали соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 1-адад телевизори тамғаи «Самсунг» ва зарфҳои ошхонаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 24 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби командони милитсия марди 38-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми феврали соли 2023, тахминан соати 23:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 1 ҳазору 500 доллари амрикоӣ, 4 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телевизори тамғаи «Самсунг»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби командони милитсия мардони 34, 27 ва ҷавони 23-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Кулоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 68-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи январи соли 2023 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 1-адад дучархаи тамғаи “Скутер”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби командони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 35-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button